Мухторов А. Академик Бобоҷон Ғафуров (Китоб)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Мухторов А. Академик Бобоҷон Ғафуров.- Душанбе: Ирфон, 1998. - 184 c.

Мундариҷа[вироиш]

Китоб ба 90-солагии фарзанди барӯманди халки тоҷик, шарқшиноси маъруф, ходими намоёни ҳизбию ҷамъиятӣ, акдемики АИ ИҶШС, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст. Пас аз тасвири марҳилаҳои асосии зиндагӣ, ищтирок ва саҳми ӯ дар корҳои давлативу ҳизбӣ ва илмии Тоҷикистон, фаъолияти Б. Ғафуров дар вазифаи директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС таҳқиқ мегардад. Муаллиф ба саҳму хидматҳои Б Ғафуров дар инкишофи шарқшиносии шӯравӣ, роли ӯ дар вусъати робитаҳои байналхалқии шарқшиносони мамлакат, махсусан ҳиссаи вай ба сифати раиси комитети шӯравии лоиҳаи ЮНЕСКО «Шарқу Ғарб» ва президенти Ассотсиатсияи байналхалқӣ оид ба омӯхтани тамаддуни Осиёи Марказӣ тавҷҷӯҳи махсус медиҳад. Дар рисола асари мӯҳташами Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар тадқиқотҳои олим таҳлил мешавад. Инчунин дар китоб дар бораи шӯҳрати академик Б Ғафуров, тасвири симои ӯ дар адабиёти бадеӣ маълумотҳо оварда шудааст.[1]

Тақризҳо[вироиш]

Донистаниҳо[вироиш]

Китоби Мухторов А. Академик Бобоҷон Ғафуров.- Душанбе: Ирфон, 1998. - 184 c дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Пайванди беруна[вироиш]

  1. Мухторов А. Академик Бобоҷон Ғафуров.