Муғтеппа
| Ёдмон | |
Муғтеппа | |
|---|---|
| | |
| Кишвар | |
| Макон | Истаравшан |
Муғтеппа — қалъае дар шимоли Тоҷикистон шаҳри Истаравшан ҷойгир аст, ки дар асли VI то мелод таъсис дода шудааст[1].
Ковишҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ковишгарон О. И. Смирнова ва Н. Н. Неъматов солҳои 1950-74 дар Муғтеппа ҳафриёт гузарониданд. Бино ба андешаи онҳо, Муғтеппа димнаи куҳандизи асри 5 то милод — асри 19 милод аст, ки дар теппаи Муғ, дар канори шимоли шарқии Истаравшан воқеъ аст. Масоҳати Муғтеппа 6 гектар буда, бо деворҳо иҳота гардидааст, ки дарозиаш тақрибан 600 метр мебошад. Баландин деворҳо дар Шарқ 15 метр ва дар Ғарб то 64 метр аст. Баъзе боқимондаи иқоматгоҳҳо танҳо дар кунҷи ғарбии Муғтеппа ба назар мерасанд. Ягона даромадгоҳ дар девори ҷанубӣ воқеъ буд. Дар қабати археологии аз ҳама қадимтарини Муғтеппа зарфҳои сафолии силиндршакл ва ҷом, муҳри начандон калони биринҷии дастадор, акси шери қанотдор ёфт шуд[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муғтеппа(тоҷ.). Travel to Tajikistan. 2 сентябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Муғтеппа - маконе, ки аз оташкада ба мавзеи сайёҳӣ табдил ёфт(тоҷ.). oila.tj. 2 сентябри 2025 санҷида шуд.