Хуррам Муқимова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Муқимова Хуррам)
Хуррам Муқимова

Муқимова Хуррам (тав. 31.12.1922, ш. Самарқанд – ваф. маълум нест), биолог, номзади илмҳои биологӣ (1959), дотсент (1963).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1949 факултети биологияи Донишгоҳи давлатии ба номи А. Навоии ш. Самарқандро хатм кардааст. Солҳои 1949–1950 ассистенти кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон дар ш. Самарқанд, 1959– 1953 аспиранти кафедраи зоологияи донишгоҳи номбурда буд. Солҳои 1953–1956 ба ҳайси мудири шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи ш. Самарқанд, 1956–1957 муаллими калони Донишкадаи занонаи ш. Сталинобод кор кардааст. Солҳои 1957–1999 ҳамчун дотсент ва дар ин байн солҳои 1958–1963 мудири кафедраи зоологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Дар давоми фаъолияти зиёда аз 40 солаи омӯзгориаш дар факултети географияи донишгоҳи омӯзгорӣ дар тайёр кардани бисёр мутахассисон саҳми калон гузоштааст.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]