Раҳимҷон Муқимӣ
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз Муқимӣ Набизода)
Муқимӣ Набизода | |
|---|---|
| Муқимӣ Раҳимҷон Набизода | |
| Таърихи таваллуд | 26 июни 1962 (64 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Рашт, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Шаҳрвандӣ |
|
| Навъи фаъолият | Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Таҳсилот | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1984) |
| Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон | |
Муқимӣ Набизода (Муқимӣ Раҳимҷон Набизода тав. 26 июни соли 1962, ноҳияи Рашт) — арбоби давлатии тоҷик, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]- Солҳои 1984-1986- Иқтисодчии Раёсати хоҷагии қишлоқи Кумитаи иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғарм (ҳоло ноҳияи Рашт).
- Солҳои 1986-1990- Мутахассиси пешбар оид ба назорат ва тафтишоти иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Ғарм (ҳоло ноҳияи Рашт).
- Солҳои 1990-1992- Нозири Кумитаи назорати халқии ноҳияи Ғарм (ҳоло ноҳияи Рашт).
- Солҳои 1992-1994- Нозири давлатии нозироти андози ноҳияи Ғарм (ҳоло ноҳияи Рашт).
- Солҳои 1994-2005- Директори совхози «Тагоба»-и ноҳияи Рашт.
- Солҳои 2005-2012- Cардори раёсати молияи ноҳияи Рашт.
- Соли 2012 (02-06) — Муовини раиси ноҳияи Рашт.
- Солҳои 2012-2019- Муовини якуми раиси ноҳияи Рашт.
- Солҳои 2019-2020- Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт.
- Аз 7 апрели соли 2020 — Раиси ноҳияи Рашт.
- Аз 28 марти соли 2020 — узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 интихоб шудааст.[1]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ордени Дӯстӣ (2000)
- медали «Хидмати шоиста» (2022)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муқимӣ Раҳимҷон Набизода(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 феврали 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)