Муҳаммадалии Балҷувонӣ
Муҳаммадалии Балҷувонӣ |
|---|
Муҳаммадалӣ ибни Муҳаммад Сайиди Балҷувонӣ (форсӣ: محمد علی ابن محمد سید بلجوانی; 1860—1930) — таърихнигор, муаллифи «Таърихи нофеъ»[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Тибқи маълумоти ҷамъовардаи дастаи экспедитсионӣ Муҳаммадалии Балҷувонӣ тақрибан соли 1860 дар деҳаи Гундиёнаи наздикии Ховалинг ба дунё омадааст. Дар бораи падару модараш тамоман маълумоте нест. Таҳсилро дар зодгоҳаш гирифта, сипас дар мадрасаи Домулло Мусо дар Ховалинг, ки дар гузари Парндак воқеъ буд, таҳсил кардааст. Тибқи шаҳодати яке аз сокинони солманди босаводи Ховалинг, шогирди собиқи мадрасаи Домулло Мӯсо, Мулло Ятими Раҳим, Муҳаммадалии Балҷувонӣ шахси хеле оқилу боитстеъдод буда, барои идомаи таҳсил аз Ховалинг ба Бухоро рафтааст[2].
Муҳаммадалии Балҷувонӣ дар мадрасаи Самарқанду Бухоро таҳсил намуда, муддате дар корҳои давлатӣ низ кор кардааст[3]. Боқимондаи умрашро дар деҳаи Оқбулоқдара сипарӣ карда, дар синни 70-солагӣ даргузашт[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ تاریخ نافع (in форсӣ).
- ↑ Халифаев Масъуджон Максуджонович. "Таърихи нофеъи» Мухаммадали Балджувани – важный источник по политической истории Бухарского эмирата начала ХХ века. institute-history.tj (2024). 29 май 2025 санҷида шуд.
- 1 2 Муҳаммад Али Балжувоний, 2001, p. 4.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳаммад Али Балжувоний (2001). Тарихи нофеий. Тошкент: Академия. p. 122.
- Тўраев Ҳ (2023). Бухоро тарихи ёзма манбалари. Бухоро: Durdona. p. 204.
| Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |