Jump to content

Муҳаммадафзал Сархуши Кашмирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммадафзал Сархуши Кашмирӣ

Муҳаммадафзал ибни Муҳаммадзоҳид Сархуши Кашмирӣ (форсӣ: محمدافضل سرخوش کشمیری‎; 1640, Кашмир 1714, Деҳлӣ) — шоир ва тазкиранависи форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҷдоди Сархуш аз Бадахшон буда, ӯ дар хурдсолӣ ҳамроҳи падараш ба Сарҳинд рафтааст. Таҳсили шоир он ҷо гузаштааст ва ӯ бо Носиралии Сарҳиндӣ дӯсту ҳамсабақ будааст. Сархуш аз 8-солагӣ ба шеъргӯӣ сар кардааст. Чанде дар хидмати дарбор буда, вале соли 1697 аз хидмат даст кашидааст ва дар Деҳли гӯшанишиниро пеша кардааст. Ҳангоми дар дарбор буданаш қасидаҳои мадҳӣ навиштааст.

Сархуш таълифоти манзуму мансурн зиёде доштааст (маснавиҳои «Нуран ало нур», «Ҳусн ва ишқ», «Соқинома», «Қазо ва қадар», «Дар баъзе хусусиятҳои Ҳиндустон», «Ҷангномаи Муҳаммад Аъзамшоҳ» ва асарҳои мансури «Ҷӯшу хурӯш», дебочаи рисолаи «Равоеҳ» — дар пайравии «Равоеҳ»-и Ҷомӣ ва ғайра), ки нусхае аз онҳо то замони мо нарасидааст. Девони ашъоре, ки адабиётшиносоии ҳиндӣ ба ӯ нисбат медиҳанд, дар воқеъ девони ашъори Мирзо Яҳёхони Сархуш аст, ки аз аҳли Эрон буда, дар аҳди Музаффаруддини Қоҷор умр ба сар мебурд ва девонаш соли 1906 дар Калкатта ба табъ расида буд.

Аз асарҳои Сархуш танҳо тазкираи «Калимоту-ш-шуаро» то ба мо расидааст, ки соли 1942 дар Лоҳур ва соли 1951 дар Мадрас ба табъ расидааст.

  • Сархуш / А. Ғаффоров // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).