Муҳаммади Омулӣ
Таърихи таваллуд: | 1300 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1352 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | риёзидон, шоир, пизишк |
Забони осор: | форсӣ |
Шамсуддин Муҳаммад ибни Маҳмуди Омулӣ (форсӣ: شمس الدین محمد بن محمود آملی; 1300, Омул, Устони Мозандарон — 1352) — файласуф, пизишк ва донишманди форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввал дар зодгоҳаш таҳсил намуда, барои такмили дониш ба Ироқ, Туркия ва якчанд шаҳрҳои Хуросон меравад ва дар илмҳои фалакиёт, арӯз, тиб ва мусиқӣ машҳур мегардад. Чанд муддат дар мадрасаҳои Исфаҳонӣ ва Султонияи Мозандарон таҳсил намуд[1].
Мероси илмӣ-адабии Муҳаммад Омулӣ хеле бой буда, асари энсиклонедиаш «Нафоису-л-фунун лӣ-ароиси-л-уюн» аз таълифоти барҷастаи асримиёнагии форс-тоҷик ба шумор меравад. Дар ин асар масъалаҳои муҳими илмҳои гуногун мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Махсусан, қисмати мусиқии «Нафоису-л-фунун лӣ-ароиси-л-уюн»аз муҳимтарин сарчашмаҳои хаттии илмӣ-назарӣ андар мусиқӣ буда, аз муқаддима ва панҷ боб иборат аст ва доир ба таркиботи мусиқӣ, хусусиятҳои овозии он, овоза ва шӯъбаҳо, адвор, созҳои гуногуни мусиқӣ, тартиби пардаву тори онҳо ва ғайраҳо баҳс мекунад[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Муҳаммади Омулӣ / А. Раҷабов // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).