Муҳаммадсаид Файзуллозода
Муҳаммадсаид Файзуллозода | |
|---|---|
| Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло | |
| аз 30 октябри 2019 | |
| Президент | Эмомалӣ Раҳмон |
|
|
|
| Ҷоизаҳо | Медали Хидмати шоиста |
Муҳаммадсаид Убайдулло Файзуллозода (зод. 12 августи 1964, ҶШС Тоҷикистон) — ходими давлатии тоҷик. Корманди шоистаи Тоҷикистон (2026). Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2019).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаммадсаид Файзуллозода 12 августи соли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаводаи тоҷик ба дунё омадааст[1]. Солҳои 1984—1986 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмати ҳарбиро адо намудааст. Соли 1990 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимиро бо ихтисоси «сохтмону саноатчӣ» ва соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси «ҳуқуқшиносӣ» ба охир расондааст.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти кории худро соли 1981 оғоз намуда, дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ва зинаҳои роҳбарӣ фаъолият кардааст.
Узви мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, дар вазифаи Сардори Раёсати мубориза бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2019 (таҳти № 523) Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид ва ҳоло дар ин вазифа фаъолият дорад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Медали «Хидмати шоиста» (2018);
- Корманди шоистаи Тоҷикистон (2026).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муҳаммадсаид ФАЙЗУЛЛОЗОДА, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ. Pressa.tj (28 феврали 2022). 2 сентябри 2026 санҷида шуд.