Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон)
Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев
Таърихи таваллуд 10 феврал 1941(1941-02-10) (83 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои ҶТ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин

Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев (тав. 10.02.1941, деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ) — файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1992), профессор (2001), Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1997).[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1964), ихтисос — «фалсафа». Соли 1965 дар мактаби миёнаи № 67-и ба номи М.Горькии ноҳияи Колхозобод ба ҳайси муаллими адабиёт ва ҷамъиятшиносӣ кор карда, солҳои 1965—1968 дар аспирантураи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 1979—1983 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон дар ҳайати мушовирони шӯравӣ хидмат кардааст. Аз соли 1964 то инҷониб дар Пажӯҳишгоҳи фалсафаи АИ ҶТ дар вазифаҳои корманди илмӣ, корманди калони илмӣ, мудири шуъбаи таърихи фалсафа ва аз соли 2005 академик-котиби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ кор карда истодааст. Ҳамзамон аз соли 1995 то ба имрӯз дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба сифати профессори кафедра ҳамкорӣ дорад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Самти асосии фаъолияти илмӣ: таърихи фалсафа. Мудири шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ (1990- то имрӯз). Академик-котиби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ, узви Раёсати Академияи илмҳои ҶТ (2005—2010). Муаллифи 7 асари илмӣ ва зиёда аз 250 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Мавзӯи таълифотҳояшро масъалаҳои таърихи афкори илмӣ-фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии халқҳои форсу тоҷик ташкил додаанд. Дар конференсияҳои мухталифи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳо баромад намудааст. Бо роҳбарии ӯ шогирдони зиёде рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мировоззрение Фаридуддина Аттора, Д., 1974;
  • Идеология Нақшбандизма, Д., 1991;
  • Гносеология суфизма, Д., 1990;
  • Религиозно-политическая концепция Ходжа Ахрора, Д., 2006;
  • Нақшбандия ва Хоҷа Аҳрор, Д., 2007;
  • Ходжа Ахрор (жизнь и творчества), Конибодом, 2000.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • ордени «Дӯстӣ»

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]