Муҳаммадҷон Расулӣ
![]() |
Муҳаммадҷон Расулӣ | |
---|---|
Муҳаммадҷон Яъқубзод Расулӣ | |
Таърихи таваллуд: | 1920 |
Зодгоҳ: | Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Тахрихи даргузашт: | номаълум |
Маҳалли даргузашт: | Хуҷанд, Тоҷикистон |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | тиб |
Ҷойҳои кор: | Вазорати тандурустии ҶШС Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Донишкадаи тиббии Сталинобод |
Ҷоизаҳо: |
![]() ![]() |
Муҳаммадҷон Яъқубзод Расулӣ – пизишк, олими тиб, профессор, нишони "Ба аълочии нигахдории тандурустй" (1944), "Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон", узви пайвастаи (академики) Академияи мардумии "Нури Хуҷанд"
Зиндагинома[вироиш]
Муҳаммадҷон Яъқубзод Расулӣ, соли 1920 дар китьаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Хатмкунандагони техникуми тиббии Хуҷандшаҳр (1936), донишҷӯи Донишкадаи тиббии Сталинобод (1939).
- дар вазифаи ҷонишини Комиссари халқии (Вазири) нигаҳдори тандурустии ҶШС Тоҷикистон кор кардааст (1943- 1948);
- ассистент дар кафедраи ташкили нигахдории тандурустӣ ва таърихи тибби Донишкадаи тиббии Сталинобод (1945);
- ассистент дар кафедраи вазоифшиносии эътилолии Донишкадаи тиббии Сталинобод (1946);
- аз байни олимони тибби тоҷик, ки бо устод С. Айнӣ мусоҳиб шуда, барои давом додани таснифи «Фарҳанги тиббӣ»-и хеш фатво гирифтааст (1947);
- созмондиҳанда ва роҳбари Пажӯҳишгоҳи авбияшиносӣ ва бехдошти Душанбе, ҳозира Пажӯҳишгоҳи тибби пешгироӣ (1955);
- муҳаррири маҷаллаи илмӣ-амалии ҷумҳурии "Нигахдории тандурустии Тоҷикистон" (1955);
- мудири Китобхонаи илмии тиббии Вазорати нигахдории тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1972),
- узви Иттиҳоди хабарнигорони Тоҷикистон (1997)
Эҷодиёт[вироиш]
муаллиф, ҳаммуаллиф, мусанниф ва муҳаррири як силсила луғатҳои соҳавии тиб (2000-2004) интишороти илмӣ ва мардумии ӯ аз ҷиҳати ҳаҷм (анқариб 500 ҷузъи таълифй) олиме, ки дар собиқ СССР мукаммалтарин фарҳанги тиббии замонавӣ ба се забон (русӣ-тоҷикӣ- лотинӣ) таълиф ва нашр намудааст (солҳои 1973-1988), ки ба туфайли он истилоҳоти тиббии русӣ ва тоҷикӣ ғанӣ гардидааст;[1]
Донистаниҳо[вироиш]
- кормандони тиб, ки бо нишони "Ба аълочии нигахдории тандурустй" мукофотонида шудааст (1944); -
- таблиғотчии шахсият ва эҷодиёти Абӯалӣ ибни Сино (1947); -
- номзади улуми тиб, ки ба унвони илмии дотсент тасдиқ шудааст (1955);
- мубтакирони бунёди Пажуҳишгоҳи тибби кишварии (ҳозира Пажӯҳишгоҳи бемориҳои дастгоҳи гувориши) Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1956);
- пизишконе, ки сазовори унвони фахрии "Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон" гардидааст (I960);
- бунёдгарон ва кормандони масъули мачаллаи "Шифо" (1992) ва маҷаллаи "Паёми Сино" (1999) дар назди Донишгоҳи тиббии давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
- аз ҷумлаи номзади улуми тибби ДТДТ, ки Вазорати маорифи Федератсияи Россия ӯро ба унвони илмии профессор тасдиқ кардааст
- олимони тиб, ки узви пайвастаи (академики) Академияи мардумии "Нури Хуҷанд" интихоб шудааст (2000);
- корманди тиб, ки бо ордени "Байрақи Сурхи Меҳнат" (1946), бо нишони "Аълочии матбуот" (2000) ва ордени "Дӯстӣ" (2001) мукофотонида шудааст.
- аз байни олимони тибби тоҷик, ки интишороти илмӣ ва мардумии ӯ аз ҷиҳати ҳаҷм (анқариб 500 ҷузъи таълифй) аз нигоришоти дигар олимони тиб бартар аст; -олиме, ки дар собиқ СССР мукаммалтарин фарҳанги тиббии замонавй ба се забон (русӣ-тоҷикӣ- лотинӣ) таълиф ва нашр намудааст (солҳои 1973-1988), ки ба туфайли он истилоҳоти тиббии русӣ ва тоҷикӣ ғанӣ гардидааст; номзади улуми тиб, ки ҳолномаи ӯ дар ЭСТ (Қомуси тоҷик) ба тариқи исгисно чоп шудааст (ҷ. 6,1966);[1]
Эзоҳ[вироиш]
- Pages which use a template in place of a magic word
- Мақолаҳои ятим
- Зодагони соли 1920
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Хуҷанд
- Даргузаштагони шаҳри Хуҷанд
- Номзадҳои улуми тиб
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени Дӯстӣ
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Пизишкони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Табибони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино
- Олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд