Абдураҳмон Муҳаммад
Абдураҳмон Наврӯзович Маҳмадов | |
Таърихи таваллуд: | 25 июн 1958 (64 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Мӯминобод, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Фазои илмӣ: | сиёсатшиносӣ |
Ҷойҳои кор: | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои сиёсатшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, |
Маҳмадов Абдураҳмон Наврӯзович (25.06.1958, шаҳраки Муъминободи н. Муъминобод) — доктори илми сиёсатшиносӣ (1993), профессор (1996).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Маҳмадов Абдураҳмон Наврӯзович факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро соли 1984 хатм намуда, дар ҳамин ҷо чун ассистенти кафедраи коммунизми илмӣ ба фаъолият пардохт.
- Солҳои 1986-1988 коромӯзи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин,
- 1989-1992 аспиранти Университети давлатии Белорус,
- 1993-1997 муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,
- 1997-2001 муаллими калони Коллеҷи ҳарбии ҷумҳурӣ ва сармутахассиси шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон,
- 2001-2006 ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон,
- 2007-2011 декани факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Аз соли 2015 директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад. Доманаи таҳқиқоташ васеъ аст, бобати асосҳои сиёсатшиносӣ, амнияти миллии Тоҷикистон ва роҳҳои таъмини он, низои сиёсӣ ва ҷомеаи муосир, ахлоқи сиёсӣ ва ҷанбаҳои иҷтимоии он, риторика ё илми суханпардозӣ ва мубоҳисаҳои сиёсӣ ва ғайра беш аз дусад таълифот ба табъ расондааст. Барҳақ аз асосгузорони мактаби сиёсатшиносии тоҷик аст.
Осор[вироиш | вироиши манбаъ]
- Луғати мухтасари сиёсатшиносӣ. – Кӯлоб., 1992;
- Политология, предмет, структура и задачи курса. – Куляб., 1993;
- Процесс межнационального общения как социално – политического финомина (опыт Таджикистана). – Куляб., 1993;
- Асосҳои сиёсатшиносӣ. Курси лексияҳо. – 1995;
- Социология конфликта. – Куляб., 1995;
- Низои байни тоҷикон ва хусусиятҳои он. – Д., 1997;
- Политические режимы. – Куляб., 1999;
- Политическое поведение: социальние факторы и формы проявления. – Д., 2000;
- Тоҷикистон дар масири истиқлол. – Д., 2000;
- Политическое поведение: социальные факторы и формы проявления. – Д.,2000;
- Стратегияи амнияти миллии Тоҷикистон. – Д., 2000;
- Сиёсат ва равандҳои ҷомеа. – Д.,2001;
- Низои сиёсӣ ва ҷомеаи муосир. – Д., 2003;
- Политические поведения: некоторые аспекты структурного анализа. – Д., 2003;
- «Ҳар кӣ моро ёд кард…». – Д., 2005;
- Фалсафаи варзишии Абӯалӣ ибни Сино. – Д., 2005;
- О политике и государственной деятельности Алии Хамадони. – Д., 2005;
- Хаким Санои и необходимость изучения его философии в новых условиях. – Д., 2006;
- Культура речи Хаджи Хусейна. – Д., 2006;
- Инновация оброзования и проблемы преподования общественных наук. – Д., 2006;
- Ибни Сина: Взгляд на физическое воспитание с точки зрения философии. – Киев., 2005;
- Политическая оппозиция как субъект конфликта. (Опыт социално-политичекого анализа). – Д., 2007;
- Националный интерес Таджикистана. Методическое руководство. – Д., 2009;
- Международный олимпизм на пороге XXІ века. – Д., 2010;
- Суханварӣ ва баҳси сиёсӣ. – Д., 2011 (ҳуруфи форсӣ);
- Муқаддимаи идеяи миллӣ. Китоби дарсӣ. – Д., 2013;
- Назарияҳои сиёсии муосир. – Д., 2014;
- Муошират ҳамчун фаъолияти сиёсӣ (таҷрибаи Тоҷикистон). – Д., 2015;
- Общение как политическая деятельность. – Д., 2015;
- Методикаи таълими риторика. Васоити таълимию методӣ. – Д., 2015 (ҳаммуаллиф);
- Риторика и политическая полемика. – Д., 2015.[1]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 327.
- Зодагони 25 июн
- Зодагони соли 1958
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Мӯминобод
- Докторони улуми сиёсатшиносӣ
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Сиёсатшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон