Муҳаммад Афсаҳуддин Абулбақои Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад Афсаҳуддин Абулбақои Бухороӣ
Навъи фаъолият: шоир

Ворас (форсӣ: وارس‎; дар баъзе маъхазҳо Ворис гуфтаанд), Муҳаммад Афсаҳуддин Абулбақои Бухороӣ (тақр. охирҳои садаи XVII ва нимаи аввали садаи XVIII) — шоир ва адиби тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар «Музаккиру-л-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ Ворас зодаи шаҳри Бухоро муаррифӣ шудааст, ки дар Регистони Бухоро қиссахонӣ ва ҳикоягузорӣ мекард.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар таърихи адабиёти форс-тоҷик Ворас чун муаллифи асари «Баҳру-т-таворих» машҳур аст. Ба ғайр аз ин китоб ба қалами ӯ девони ашъор, асарҳои адабиётшиносии «Румузи «Ҳашт биҳишт», «Рисола дар ҳалли абёти мушкила», асаре дар бораи мазҳабҳои дин – «Мусаййибнома» ва навиштае бо номи «Руқъа» (нома) тааллуқ доранд.

Дар девони ашъори Ворас (иборат аз 5 ҳазор байт) ғазалҳо, рубоиёт, қитъаҳо, манзумаҳо (порчаҳои ашъор – маснавиҳои хурд) ва ғ. фароҳам омадаанд. Хусусияти асосии сабки Ворас дар шеър равшанбаёнӣ будааст. Ба ин ҷиҳати кораш ӯ худ ишора намудааст. Дилбастагию таваҷҷуҳи Ворас ба Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-аш аз навиштаҳои зерини ӯ пайдост:

Аё пир, Фирдавсии динпаноҳ,
Биёву ба Ворас яке кун нигоҳ.
Яке чокари камтарини туам,
Ту деҳқону ман хӯшачини туам.

Мавзӯи ашъори Ворас ситоиши адлу инсоф, ишқ, тасвири манзараҳои табиат, дӯстӣ, ватанпарварӣ ва ғ. мебошанд. Дар «Рисола дар ҳалли абёти мушкила» Ворас 77 мисраъ шеърро аз эҷодиёти шоирони маъруф – Анварӣ, Рашиди Ватвот, Хоқонӣ, Ҳофиз, Сайфи Исфарангӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бадри Чочӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Соиб оварда, дар бораи онҳо назари худро чун адабиётшинос иброз доштааст.

Асари дигари Ворас «Румузи «Ҳашт биҳишт» аст, ки дар он достони Амир Хусрави Деҳлавӣ дар қолаби насри содаву ба фаҳми омма наздик нақл шудааст. Дар ин асар Ворас ҳикоятҳои пандуахлоқӣ, қиссаву ривоятҳои халқӣ, вобаста ба мавзӯъ пораҳои шеърро аз эҷодиёти Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон ҷой додааст «Мусаййибнома»-и Ворас (таълифаш 1688 –89) асарест оид ба зиддиятҳои мазҳабӣ. Нусхаҳои қаламии осори Ворас дар китобхонаҳои Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон маҳфузанд. Намунаҳо аз навиштаҳои Ворас:

Соҳиби ин назмро баргӯ салом,
Вораси дилхастаро ёде намо.
Назму наср аз пой барафтода буд,
Додашон бар курсии заррин ҷо.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Акрамов А. Шоҳномаи мансури халқӣ ва шоҳномахонон,// Армуғони олимони ҷавон. Д., 1966;
  • Шоирони Мовароуннаҳр (аз Рӯдакӣ то Айнӣ). Д., 2006;
  • Раҳмонӣ Р. Ишорате оид ба рӯзгор ва осори Вораси Бухороӣ, // Масъалаҳои маориф. 2011, № 6;
  • Раҳмонӣ Р., «Баҳру-т-таворих»-и Вораси Бухороӣ ва шоҳномахонӣ //Садои Шарқ. 2012, № 3.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]