Jump to content

Муҳаммад Боқир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад Боқир
араб. ар. مُحَمَّدَ بْنَ عَلِيٍّ الباقر
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: имом, муҳаддис
Таърихи таваллуд: 8 май 677
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 26 январ 733 (55 сол)
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: шиъаи дувоздаҳимомӣ
Падар: Саҷҷод[1]
Модар: Fatimah bint al-Hasan[d]
Ҳамсар Farwah bint al-Qasim[d]
Фарзандон: Ҷаъфари Содиқ[2], Sultan Ali[d] ва Amina bint Muhammed Al-Baqir[d]
Устодон: Саҷҷод
Шогирдон: Abd al-Rahman al-Awza'i[d] ва Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Викигуфтовард
Вироиши Викидода

Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб (ар. ابوجعفر، محمد بن علی الباقر‎; мулаққаб ба Боқиру-л-улум; бо лақабҳои «Ҳодӣ» ва «Шокир» низ ёд мешавад) — яке аз уламои барҷастаи садри ислом ва аз ҷумлаи тобеъин, имоми панҷуми шиъаён; фарзанди Зайнулобидин ва падари Ҷаъфари Содиқ.

Сабаби «Боқиру-л-улум» («Шикофандаи дониш») лақаб гирифтани ӯро дониши васеъ ва амиқ доштанаш донистаанд. Бинобар таълимоти шиъа Боқир панҷумин имом аз имомони дувоздаҳгона ва ҳафтгона буда, пас аз реҳлати падараш имом Зайнулобидин дар соли 712 ҷонишини ӯ дар имомат шуд, зеро аввалҳо гурӯҳи кӯчаке аз шиъаён ба пуштибонӣ аз танҳо писари бозмондаи имом Ҳусайн – Зайнулобидин бархостанд. Дар замони Боқир ин гурӯҳ имомия ном гирифт. Боқир дар аввал аз доштани нақши фаъол дар умури сиёсӣ дурӣ ҷуст, вале аз назари фикрӣ ва динӣ дар таърих нақши бориз дошт. Баъдан вай ба сурати пешво ва донишманде зоҳир мешавад, ки на танҳо дар масоили фиқҳӣ соҳибиттилоъ буд, балки дар тафсири Қуръон, аҳодиси набавӣ, мавзӯоти каломӣ бо ду ҷанбаи дунявӣ ва рӯҳонӣ дасти боло дошт.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳаёти Боқир шоҳиди равнақ ёфтани илму дониш дар заминаҳои мухталиф буд. Нақши Боқир дар нашри ин улум бузург аст, ки аҳодиси бисёр зиёд ва гуногуннавъи аз ӯ ривоятшуда ба ин далолат мекунанд. Вай ҳамчунин назди шиъа нахустин имомест, ки ба муназзам кардани таълимоти динӣ пардохт. Ба хотири он ки дар ақоиди мухталифуннавъи имомат низом ва тартибе падид ояд, Боқир назари хешро дар бораи имомат баён кард, дар бораи ақоиди каломии марбут ба имон, қазо ва қадар, тавҳид андешаи худро иброз намуд. Биноан Боқир на танҳо ба унвони ҳодӣ ва пешвои рӯҳонии гурӯҳи хоссе зоҳир мешавад, ки мактаберо бунёд ниҳода, балки ба унвони яке аз барҷастатарин уламои ислом ба тавсеа ва интишори илм дар тамоми ҷанбаҳои зиндагии мусулмонон баромад мекунад.

Ривоёти манқул аз Боқир дар китобҳои ҳадиси аҳли суннат камтаранд. Чунончи, Бухорӣ танҳо се ҳадисро аз Боқир ривоят кардааст. Аз аҳодиси Боқир, ки дар бархе аз маъхазҳои аҳли суннат ва ҷамоат омадааст, маълум мешавад, ки имом илова бар аҳодисе, ки бевосита аз падарони худ ривоят мекунад, шахсе, ки бештар аз ӯ аҳодисе нақл мекард, Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ буд. Нуктаи дигар манзилати худи имом Боқир ба унвони як муҳаддис аст. Аз ду ҳадисе, ки дар «ар-Рисола»-и Шофеъӣ омадааст, яке ба Боқир хатм мешавад. Дар «Муснад»-и Ибни Ҳанбал низ бархе аз иснодҳо ба имом Боқир хатм мешаванд. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар «Таҳзибу таҳзиб» аз касоне, ки аз имом Боқир ҳадис ривоят кардаанд, феҳристи мукаммалеро пешниҳод мекунад. Аз ҷумлаи ин ровиён, ғайр аз писараш имом Ҷаъфари Содиқ метавон ашхоси зайлро ном бурд: Абуисҳоқи Сабиъӣ, Умар ибни Абдуллоҳ, Аъраҷ, Зуҳрӣ, Муҳаммад ибни Маслама, Амр ибни Динор, Авзоъӣ, Абдурраҳмон ибни Амр, Ҷурайҷ, Сулаймон ибни Меҳрон, Макҳул ибни Рашид, Муаммар ибни Яҳё ибни Самсон ва дигарон. Дар ин байн номи донишмандони барҷастаеро мебинем, ки ҳар як ҳавзаҳои тадрисии худро доштаанд (мисли Зуҳрӣ, Авзоъӣ, Ҷурайҷ). Зуҳрӣ нафақат саҳме дар гирдоварии ҳадис дошт, балки ба унвони муаллифи осори бисёр арзишманде монанди «Танзилу-л-Қуръон» ва «Мансуху-л-Қуръон» номдор шуд. Макҳул, фақеҳи аҳли Шом, ки ҳадисҳои Боқир-ро ривоят мекард, аҳодиси набавӣ ва теъдоди фатовои фиқҳиро мубтанӣ бар оройи саҳобиён дар китобе ба номи «Китобу-с-сунан» гирд овард. Дар рӯзгори Боқир гароишу мазҳабҳои мухталифи каломӣ падид омада буданд ва ҳамчунин пайравони дигар динҳо дар сарзаминҳои исломӣ зиндагӣ мекарданд ва байни онҳову мусулмонон бархурдҳои фикрӣ рӯй медоданд. Боқир дар чунин баҳсҳо ва муҷодалаҳо ширкат намуда, ба пурсишҳо посух мегуфт. Чунончи, «Умму-л-китоб» посухи Боқир ба саволҳои гурӯҳи шогирдон ва донишмандоне чун Ҷаъфари Ҷуъфӣ ва Муҳаммад ибни Муфаззал мебошад. Дар маъхазҳо ва асарҳои таҳқиқотӣ, аз қабили «Хайроту-л-ҳисон фӣ маноқиби-л-Имоми-л-Аъзам Абиҳанифа ан-Нуъмон»-и Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ (1503/ 04–1565/66) ва «Туҳфату-л-амон фӣ сирати-н-Нуъмон»-и Шиблии Нуъмонӣ қиссаи мулоқоти имом Боқир бо имом Абуҳанифа дар Мадина ва гуфтугӯи доиргардидаи миёни онҳо дар мавриди масъалаҳои фиқҳӣ, аз ҷумла истифодаи қиёс аз ҷониби Имоми Аъзам, зикр шудааст.

Пас аз вафоти Боқир пайравони ӯ ба чанд гурӯҳ тақсим шуданд. Як гурӯҳ (боқирия) дар интизори бозгашти имом ба унвони Маҳдӣ буданд, гурӯҳи дигар ба гурӯҳи Ҳусайни Нафси Закийа пайвастанд. Гурӯҳҳои дигар ба Муғира ва Абумансур байъат намуданд. Иддае аз пайравони Боқир писари калонии ӯ Абдуллоҳ Ҷаъфарро, ки баъдан ба унвони Содиқ машҳур шуда буд, ба тариқи васият ба ҳайси имом шинохтанд.