Муҳаммад Доримӣ
Муҳаммад Доримӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | муҳаддис, муфассир, нависанда |
Таърихи таваллуд: | 797[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 17 ноябр 869 |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Миллат: | араб ва форс |
Эътиқод: | ислом ва суннӣ |
Самти фаъолият: | илми ҳадис ва тафсир |
Шогирдон: | Муҳаммад Бухорӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Аҳмад ибни Ҳанбал, Абу Довуди Сиҷистонӣ[d], Abu Zur'a al-Razi[d], Абуисо Муҳаммад Тирмизӣ ва Абиҳотим Муҳаммад ибни Идриси Розӣ[d] |
Осор: |
Феҳрист
|
![]() |
Абу Муҳаммад Абдуллоҳ ибни Абдураҳмон Доримӣ (ар. أبو محمد عبد الله بن عبد الرحمن الدارمي; 797, Самарқанд — 869, Масқат) — донандаи илми ҳадис, имом, ҳофиз, шайхулислом.
Тарҷумаи ҳол
[вироиш | вироиши манбаъ]Номи пурра: Абу Муҳаммад Абдуллоҳ ибни Абдураҳмон ибни Фадл ибни Баҳром Доримӣ Тамимӣ Самарқандӣ аз Бани Дорим ибни Молик ибни Ҳанзала ибни Зайд Манот ибни Тамим [2].
Доримӣ дар Самарқанд таваллуд шуда, дар бисёре аз марказҳои афкори мусулмонӣ, аз қабили Хуросон, Шом, Ироқ, Миср, Ҳиҷоз ва ғайра таълим гирифта аст. Ӯ аз садҳо уламои мусулмон дарс гирифта, аз Надр ибни Шомӣ, Ваҳб ибни Ҷарир, Абунуъайми Исфаҳонӣ ва бисёр дигарон ҳадис ривоят кардааст.
Доримӣ ба шарофати дониши амиқи худ олими машҳури ҷаҳони ислом гардид ва бисёре аз уламои бонуфузи он замон, аз ҷумла Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Абуисо Муҳаммади Тирмизӣ, Абу Довуд, Баззор, Абу Зура Розӣ, Абу Ҳотим Розӣ, Имом Разӣ, Имом Аҳмадибн, Аҳмад ибни Ҳанбал, Абу-Исо Тирмизӣ, Абу Довуд, Баззор, Имом Розӣ, Имом Розӣ- Самарқандӣ ва дигар имомони бузурги уммати мусалмон.
Доримӣ дар рӯзи Тарвия дар ҳафтоду ҳафтсолагӣ дар Масқат даргузашт ва рӯзи ҷумъа, рӯзи Арафо ба хок супурда шуд.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Тафсири Қуръони Карим»
- «Сунани Доримӣ» («Муснади Доримӣ»)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Ад-Дарими / Хусейн Салим Асад ад-Дарани. Муснад ад-Дарими = مسند الدارمي المعروف بسنن الدارمي. — Эр-Рияд: Дар аль-Мугни. — Т. 1.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- الدارمي السمرقندي. Arab-Ency.com. 9 май 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 сентябри 2013.(ар.)
- Мухаммад ибн Ахмад аз-Захаби. Сияр Алам ан-нубала / Ред. Шуайб аль-Арнаут.
- Аль-Миззи. Тахзиб аль-камаль фи тараджим ар-риджаль / Башшар ибн Аввад.