Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Муҳаммад Рафиқов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад Рафиқов
Таърихи таваллуд 26 октябри 1940(1940-10-26)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 11 августи 2021(2021-08-11) (80 сол)
Маҳалли даргузашт
Шаҳрвандӣ
Пеша ҳунарпешаи синамо, коргардони филм
IMDb ID 12847569

Муҳаммад Рафиқов (Рафиқов Муҳаммад Муҳиддинович; 26 октябри 1940, Бухоро11 августи 2021, Бухоро) — ҳунарпеша ва коргардон, Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Узбекистон (2003).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1966 Институти театру санъати тасвирии Тошкандро хатм кардааст. Солҳои 1966—1967 дар Театри Ҳамза, солҳои 1967—1983 дар Театри вилоятии драмаи мусиқии Бухоро ҳамчун ҳунарпеша (солҳои 1981—1983 директори театр) фаъолият кардааст. Аз соли 1983 коргардони кулли Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Бухоро мебошад.

Бо нақшҳои Ҳамлет (У. Шекспир, «Ҳамлет»), Темурхон («Неркис»), Хлестаков («Ревизор»), Юлдош («Қапқон»), Ибни Сино («Ибни Сино»), Шоҳ Баҳром («Дилором»), Нодир («Девори тилоӣ»), Каримов («Комиссия») маъруф шудааст.

Дар чанде аз филмҳо — Ҳаҷир, «Рустам ва Суҳроб»; Валӣ, «Достони Сиёвуш»; Акром, «Лалак омад, тобистон шуд»; Усмонбек қӯрбошӣ, «Духтаре, ки ба афсона табдил шуд» ва ғайра — нақш офаридааст. Дар баробари ин, дар телефилмҳо низ нақшҳои хотирмон бозидааст: Шайбонихон, «Бобур»; Акбаралӣ Мингбошӣ, «Шабу рӯз»; Имоми Бухорӣ, «Имом Бухорӣ»; Амир Темур, «Соҳибқирон»; Абдураҳмон табиб, «Шайтанат»; Ибни Сино, «Ҳаким ва аҷал»[1][2].