Муҳаммад Идрисӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Муҳаммад ал-Идрисӣ)
Муҳаммад Идрисӣ
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: нақшанигор, ҷуғрофиёдон, egyptologist, муаррих, гиёҳшинос, нависанда, мусофир
Таърихи таваллуд: тақрибан 1111[1][2], 1099[3] ё 1100[4]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: тақрибан 1166[6], тақрибан 1175, 1166[3] ё 1165[4][7]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом
Самти фаъолият: нақшанигорӣ[d][5], ҷуғрофиё[5] ва Саёҳат[5]
Ҷойи кор: Андалус[5], Sicily[d][5] ва Андалусия[5]
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Идрис ал-Ҳамудӣ ал-Ҳасанӣ ( ар. أبو عبد الله محمد بن محمد الإدريسي‎; 1100, ш. Сеут – 1165, ҷазираи Ситсилия, Итолиё) — олим ва ҷуғрофиёдони араб.

Шарҳи ҳол[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз насли Идрисиҳо. Баъди таҳсил дар Кордоба Андалусия (ҳозира Иттиҳоди худмухтори Андалусия дар ҳайати Испаиня) ба кишварҳои атрофи баҳри Миёназамин ва Англия сафар кард. Соли 1138 бо даъвати ҳокими Ситсилия Рожери II (ҳукумат 1130–1154) ба ш. Палермо рафта, баъди 15 сол харитаи калони Заминро тартиб дод. Харитаи И. дар лавҳаи нуқрагин ҳаккокӣ шуда, нусхаи аслаш боқӣ намондааст; танҳо нусхаҳо ва матнҳои илҳоқии он (Палермо: 1154) мавҷуданд. Дар харита зиёда аз 2500 номгӯи баҳр, кӯл, дарё, кӯҳ, давлат ва мавзеҳои ҷуғрофӣ тасвир шудаанд. Идрисӣ барои тартиб додани харита аз китобҳои Птоломей, Арасту, Павел Орозия, Ибни Хурдодбеҳ, Яъқубӣ, Ибни Ҳавқал, Узрӣ ва дигарон истифода кардааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Барқарор намудани харитаи инверсивии ал-Идрисй.

Асари машҳури Идрисӣ «Нузҳату-л-муштоқ фӣ ихтироқи-л-офоқ» («Хурсандии муштоқ дар кушодани кишварҳо») ё «ал-Китоб ар-Руҷарӣ» («Китоби Рожер») мебошад, ки бори аввал соли 1592 дар Рум бо номи «Китобу-н-нузҳати-л-муштоқ фӣ зикри-л-амсор ва-л-ақтор ва-л-булдон ва-л-ҷузур ва-л-мадоин ва-л-офоқ» («Китоби хурсандии муштоқ дар зикри пойтахтҳо, кишварҳо, мамлакатҳо, ҷазираҳо, шаҳрҳо ва офоқ») ва баъдан бо забони лотинӣ дар Париж (1619) нашр гардид. Баргузидаи ин асар соли 1866 таҳти унвони «Сифату-л-Мағриб ва-с-Судон ва-л-Миср ва-л-Андалус» («Сифати Мағриб, Судон, Миср ва Андалус») дар ш. Лейден (Ҳоланд) ба табъ расидааст. Идрисӣ дар ин асараш чандин вилоят, шаҳр, баҳр, дарё, кӯл ва манзумаи кӯҳии сатҳи Заминро мухтасаран тавсиф кардааст, ки дар он замон хеле дақиқ буд. Мувофиқи анъанаи ҷуғрофиёии Юнон ва Шарқ заминро ба ҳафт иқлим ва ҳар иқлимро ба 10 қисмати кӯндаланг тақсим кардааст. Тавсифи ҳар қисмтро Идрисӣ дар харита сабт кардааст. Асарҳои дигари Идрисӣ «Равзату-л-унс ва нузҳату-н-нафс» («Боғи унс ва роҳати рӯҳ») ва «ал-Ҷомеъ фӣ сифоти аштоти-н-наботот» («Китоби ҷомеъ дар сифати набототи гуногун») мебошанд.

Қайдҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Крачковский И. Ю. Арабская географическая литература. — 2. — М., 2004. — С. 281—299.
  • Коновалова И. Г. Восточная Европа в сочинении ал-Идриси. — М.: Восточная литература, 1999.
  • Коновалова И. Г. Ал-Идриси о странах и народах Восточной Европы: текст, перевод, комментарий. — М.: Восточная литература, 2006. — 328 с. — (Древнейшие источники по истории Восточной Европы).
  • Рыбаков Б. А. Русские земли по карте Идриси 1154 г. // Краткие сообщения о докл. и полевых исслед. Ин-та истории материальной культуры АН СССР (КСИИМК). Вып. 43. М., 1952. — С. 3—44, картосхемы.
  • Рыбаков Б. А. Киевская Русь и русские княжества XII—XIII вв. — М., 1982. — С. 178—183.
  • Бейлис В. М. Ал-Идриси (XII в.) о восточном Причерноморье и юго-восточной окраине русских земель // Древнейшие государства на территории СССР, 1982 г. — М., 1984. — С. 208—228.
  • Кендерова С. Т. Сведения ал-Идриси о Балканах и их источники. Автореф. канд. дисс. — Л., 1986.
  • Кумеков Б. Е. Арабские и персидские источники по истории кыпчаков VIII—XIV вв.: Научно-аналитический обзор. — Алма-Ата, 1987.
  • Ahmad, S. Maqbul, India and the Neighbouring Territories in the «Kitab nuzhat al-mushtaq fi’khtiraq al-'afaq» of al-Sharif al-Idrisi. — Leiden: E. J. Brill, 1960.

Пайванд[вироиш | вироиши манбаъ]