Муҳаммад Ҳасан Охунд
пашту: ملا محمد حسن اخوند | |
Сарпарасти риёсати вузарои Иморати Исломии Афғонистон
|
|
аз 7 сентябри 2021 | |
Пешгузашта | Абдулғанӣ Бародар |
|
|
Таваллуд |
на пештар аз 1945 и на дертар аз 1958 |
Ҳизб | |
Эътиқод | суннӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд (пашту: ملا محمد حسن اخوند; зод. на пештар аз 1945 и на дертар аз 1958, вулусволии Панҷвоӣ[d], Подшоҳии Афғонистон) — сарпарасти риёсати вузарои Иморати Исломии Афғонистон аз 7 сентябри 2021[2]. Яке аз асосгузорони ҷунбиши Толибон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаммад Ҳасан Охунд дар Пашмули вулусволии Панҷвоии вилояти Қандаҳор ба дунё омадааст. Насаби Охунд ба Аҳмадшоҳи Дурронӣ, бунёнгузори Афғонистони мудерн бармегардад[3].
Байни солҳои 1996 ва 2001, вақте ки Иморати Исломии Афғонистон дар аксари Афғонистон амалан контрол мекард, Муҳаммад Ҳасан Охунд дар қаламрави таҳти назорати Толибон вазири корҳои хориҷӣ ва муовини нахуствазир буд. Вай инчунин ба ҳайси волии шаҳри Қандаҳор кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2001 инҷониб таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад.
Аз соли 2009 Муҳаммад Ҳасан Охунд узви Шӯрои роҳбарикунандаи ҷунбиши Толибон — Шӯро буд ва ба зудӣ раҳбари он шуд.
Вай мушовири сиёсии Мулло Муҳаммад Умар, раҳбари Толибон буд, ки соли 2011 кушта шуд.
Дар давраи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ дар нимаи аввали моҳи августи 2021, ҷангиёни Толибон ҳамлаи худро ба нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон пурзӯр карданд. Рӯзи 15 август онҳо вориди Кобул шуданд ва арги риёсати ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд. Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба зудӣ аз кишвар фирор кард.
7 сентябри соли 2021 Толибон ҳайати нави ҳукумати муваққатии Афғонистонро эълом карданд[4][5]. Сарпарасти риёсати вузаро Муҳаммад Ҳасан Охунд таъйин карда шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://www.un.org/securitycouncil/es/sanctions/1988/materials/summaries/individual/mohammad-hassan-akhund
- ↑ طالبان اعضای کابینه سرپرست را اعلام کرد(форсӣ). طلوعنیوز. 8 сентябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Who is Mohammad Hasan Akhund, the head of new Taliban gov’t?(англ.). www.aljazeera.com. 8 сентябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ «Талибан» объявил состав нового правительства Афганистана. ТАСС (7 сентябри 2021).
- ↑ Талибы объявили состав временного правительства: что происходит в Афганистане, BBC News Русская служба (7 сентябри 2021).
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Биография Мохаммада Хасана Ахунда(рус.). РИА Новости (7 сентябри 2021).