Муҳаммад Ҳусеӣн

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад Ҳусеӣн

Муҳаммад Ҳусеӣн ибни Муҳаммад ал-Оқилӣ (асри XVIII) дар Ҳиндустон дар хонаводаи табиб ба олам чашм кушода, ҳанӯз дар ҷавонӣ яке аз донишмандони машҳури тибби замонааш гаштааст. Муҳаммад Ҳусеӣн муаллифи як қатор асарҳои муҳимми тиббӣ аст, ки «Қарободини Кабир» ва «Махзан-ул-адвия» аз ин ҷумлаанд. Дар «Қарободини кабир» сухан аз моддаҳои таркибӣ ва адвиёти гуногуни мураккаб меравад.

«Махзан-ул-адвия»[вироиш | вироиши манбаъ]

«Махзан-ул-адвия» соли 1776 навишта шуда, маълумоту таҷрибаи аз замони қадим то асри XVIII ҷамъшударо дарбар мегирад. Муаллиф аз асарҳои форсӣ-тоҷикӣ рисолаҳои олимони араб, Юнон, ҳинд фаровон истифода бурдааст. Аз ҷумла «Қонуни тиб» ва «Адвияи қалбия»-и Абӯалӣ ибни Сино (ба забони_арабӣ, таълифотҳи Ибни Баӣтор, Довуди Антоқӣ, Абӯраӣҳони Берунӣ, асарҳои ба забони тоҷикии Ҳоҷӣ Заӣниддини Аттор («Ихтиёроти бадеӣ»), Ҳаким Мирмуҳаммад Муъмини Танкобунӣ («Тӯҳфат-ул-муъминин»), асарҳои тиббӣ динии Ҳаким Муҳаммад Қосими Ҳиндушоҳ («Дастур-ул-атиббо» ё ки «Ихтиёроти Қосимӣ» ва Мирмуҳаммад Афзал («Мукарработи Афзалӣ» доир ба тибби амалӣ ва дорушиносии ҳинди) ва ғаӣраро номбар намудан мумкин аст. «Махзан-ул-адвия» аслан луғатест, ки дар он номи моддаҳои наботӣ, минералӣ ва ҳаӣвонӣ оварда шуда, тафсир меёбад. Баҳси китоб аз моддаҳои басит (ғаӣри мураккаб) ва аз давоҳо (гиёҳҳо, моддаҳои хӯрокӣ, мева, саб-завот) аст, ки дар бораи онҳо муаллиф аз нуқтаи назари хосиятҳои давоиашон, аз ҷиҳати назорат ва парҳези беморон сухан меронад.

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.