Муҳриддин Сабурӣ
Муҳриддин Сабурӣ |
|---|
Муҳриддин Сабурӣ (Муҳриддин Ҳамзаев; зод. 25 августи 1988, деҳаи Зидеҳ, ноҳияи Варзоб) — шоир ва мунаққиди[1] тоҷик. Ӯзви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2016)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳриддин Сабурӣ 25 августи соли 1988 дар деҳаи Зидеҳи ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст. Дастпарвари факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2013 то соли 2015 хабарнигори нашрияи «Мароми пойтахт»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе буд. Аз нимаи дуюми соли 2016 то соли 2017 ба сифати мусаҳеҳ ва баъдан ба сифати мудири шуъбаи санъати ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» кор карда, сипас бо тавсияи Раёсати Итифоқи нависандагон вазифаи мудирияти бахши нақди ин созмони ҷамъиятиро ба уҳда гирифтааст. Мавсуф то кунун масъули ин бахш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Дар баробари ин солҳои 2019, 2020, 2021 дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» дар таҳия, таҳрир ва таълифи китобҳо барои бачагон саҳм гузоштааст.
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Намунаҳои ашъораш дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла маҷаллахои «Садои Шарқ», «Паёми Суғд», «Истиқбол», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», «Тоҷикистон», «Варзоб» ва ғайра интишор ёфтаанд. Нахустин маҷмуаи шеърҳояш «Субҳи милод» соли 2014 нашр шудааст. Маҷмуаи дуюми шеъраш соли 2020 аз тарафи нашриёти «Адиб» таҳти номи «Накҳати овешан» дастраси хонандгон гардид. Оид ба нақду адабиётшиносӣ як силсила мақолаҳо ба табъ расонидааст. Маҷмуи мақолоти нақду адабиётшиносиаш бо номи «Шеър дар мизони ҳунар» (2020) интишор гардид. Мавсуф, инчунин ба нақду баррасии адабиёти хурдсолон низ машғул буда, дар ин бахш мақолаҳои зиёде интишор додааст. Дар баробари ин барои кӯдакон асарҳои илмӣ-иттилоотӣ бо номҳои «Иттиҳоди мурчагон» (2019) ва «Дунёи рангини зери об» (2020) тартиб дода, дастраси хонандагони хурдсол гардондааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи «Килки сабз»-и ТВ «Сафина» ва рӯзномаи «Тоҷикистон» мебошад.
Дар соли 2020 барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода аз рӯйи китоби «Шеър дар мизони ҳунар» гардид.
Аз соли 2016 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҷовидон Аслонов. Муҳриддин Сабурӣ: “Хеле аз шоирони ҷавони мо дар сояи шеъри Лоиқу Бозор хуфтаанд”. halva.tj (14 Декабри 2021). 4 марти 2024 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)