Jump to content

Муҷибахон Ҷавҳарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҷибахон Ҷавҳарӣ
Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил
Таърихи таваллуд: 30 январ 1971(1971-01-30) (54 сол)
Зодгоҳ: Исфара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI ва VII.

Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил (30 январи 1971, деҳаи Чоркӯҳ, шаҳри Исфара, Ҷумҳурии Тоҷикистон) — ходими давлатӣ, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI ва VII, олим,номзади илмҳои филологӣ[1][2]нависанда, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2021), узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2019).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил 30 январи соли 1971 дар деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара, вилояти Суғд, дар оилаи омӯзгор таваллуд ёфтааст. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси рӯзноманигор хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1993 ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи умумии рақами 27-и деҳаи Чоркӯҳ оғоз намуда, соли 2005 сарвари таълимгоҳи мазкур ва соли 2010 сардори раёсати маорифи шаҳри Исфара таъйин гардидаст. Соли 2014 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара, соли 2016 муовини директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, соли 2018 директори ҳамин муассисаи олии касбӣ ва аз соли 2020 то соли 2021 мудири бахши фарҳанги шаҳри Исфара фаъолият намудааст. Аз 22 декабри соли 2021 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Фаъолияти илмӣ ва адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҷибахон Ҷавҳарӣ соли 2020 диссертатсияи илмиашро барои дарёфти номзади илмҳои филологӣ дар мавзуи «Юсуф ва Зулайхо»-и Ховарии Шерозӣ ва муқоисаи он бо достони ҳамноми Абдураҳмони Ҷомӣ" дар Шӯрои диссертатасионии 6D КОА-28 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳимоя намудааст. Ҳамчунин, муаллифи як монография ва зиёда аз чил мақолаҳои илмӣ буда, мақолаҳои публисистиаш пайваста дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ интишор мешаванд. Асарҳои бадеии ӯ бо номи “Зани даруни чашма" ва "Дарди фироқ” дар нашриёти «Адиб» ба чоп расидаанд[3]. Инчунин ӯ муаллифи дарстурҳои тарбиявӣ барои сарпарастони гуруҳҳои академикӣ бо унвони «Раҳнамои тарбият» ва «Ислом — зидди ифрот» мебошад. Бо забонҳои русӣ ва англисӣ озодона сухан мекунад[4].

Фаъолияти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҷибахон Ҷавҳарӣ аз 22 декабри соли 2021 то 1 марти соли 2025 чун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI фаъолият намудааст.[5] 2 марти соли 2025 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII интихоб гардидааст. Аз 19 марти соли 2025 Раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[6].

Ҷоиза ва мукофотҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», 2017;
  • «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 2008;
  • «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», 2021;
  • Медали «Хидмати шоиста», 2022.
  1. «РУШДИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ». www.ahd.tj. 3 Декабри 2024 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  2. Садои мардум — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии ТоҷикистонДар бораи тибқи рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон додани мандати вакилӣ ба номзад Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил (ru-RU). 3 Декабри 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 Декабри 2024.
  3. Sputnik Тоҷикистон. “Рӯзноманигор, донандаи се забон, аз Чоркӯҳ”: вакили нави ҲХДТ дар парлумон кист?(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20211216T0959+0500). 3 Декабри 2024 санҷида шуд.
  4. Sputnik Тоҷикистон. “Рӯзноманигор, донандаи се забон, аз Чоркӯҳ”: вакили нави ҲХДТ дар парлумон кист?(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20211216T0959+0500). 3 Декабри 2024 санҷида шуд.
  5. Муҷибахон Ҷавҳарӣ(тоҷ.). www.parlament.tj. 20 марти 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 сентябри 2022.
  6. Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил(тоҷ.). www.parlament.tj. 8 июли 2025 санҷида шуд.