Jump to content

Муҷибурраҳмон Ансорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҷибурраҳмон Ансорӣ
Таърихи таваллуд 1982
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 2 сентябр 2022(2022-09-02)
Маҳалли даргузашт
Кишвар

Муҷибурраҳмон Ансорӣ (форсӣ: مجیب‌الرحمن انصاری‎; 1982, Ҳирот2 сентябр 2022, Ҳирот) — мулло, рӯҳонӣ ва суханрони машҳури аҳли Афғонистон, хатиби Масҷиди ҷомеъи Гозургоҳи Ҳирот ва аз тарафдорони ҳукумати Толибон[1].

Ӯ бо лаҳни хосс ва истифода аз баёни эҳсосотӣ тавонист пайравони зиёдеро дар Ҳирот ва ҳатто берун аз он дар атрофи худ ҷамъ кунад[2][3][4].

Нахустин бор номи Мавлавӣ Муҷибурраҳмони Ансорӣ дар соли 1391 бар сари забонҳо уфтод. Ӯ дар он замон дар муқобили баргузории кансерти мусиқие, ки қарор буд дар шаҳри Ҳирот баргузор шавад, мавзеъ гирифт ва гуфт агар дар ин кансерт хунҳо рехта шуд, масъулияти он бар уҳдаи баргузоркунандаҳои ин кансерт хоҳад буд[2].

Мавлавӣ Муҷибурраҳмони Ансорӣ иди Наврӯзро иди мушрикин хонда буд[5][6].

Мавлавӣ Ансорӣ ҳамчунин дар яке аз барномаҳои телевизиюнии шабакаи «Висоли Ҳаққ» дар Арабистони Саудӣ, аҳли ташайюъро «равофиз» хитоб карда буд[7].

Мавлавӣ Муҷибурраҳмон аз рӯҳониёне бо гароиши салафӣ дар Афғонистон буд, ки ҳамвора ба эроди хутба алайҳи давлати ҷумҳурият, тарафдорӣ аз Толибон, ифрот дар диндорӣ ва мухолифат бо ҳуқуқи ибтидоии занон ва одобу русуми фарҳангӣ мепардохт ва ҳамин мавзеъгириҳои тунд ӯро ба шуҳрат расонда буд. Ӯ дар нишастҳои хабарии худ, хабарнигорони духтар ва занро иҷозаи ҳузур дар нишасти хабарӣ намедод[8][9]

Муҷибурраҳмон чанд дафъа мақомоти Тоҷикистонро ба эҷоди маҳдудияти динӣ интиқод карда буд[10]. Аз ӯ дар Тоҷикистон ба унвони як рӯҳонии салафии ифротӣ, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоъӣ дар мағзшӯии ҷавонони тоҷик нуфӯз дорад, ном бурда мешуд[11].

Муҷибурраҳмон Ансорӣ дар таърихи 11 шаҳривармоҳи 1401 (2 сентябри 2022) дар таркише дар дар Масҷиди Гозургоҳи Ҳирот кушта шуд[12][13].

  1. مجیب الرحمن انصاری، امام مسجد گازرگاه هرات و از طرفداران طالبان در پی حمله انتحاری کشته شد(форсӣ). BBC News فارسی (2 сентябри 2022). 3 сентябри 2022 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 مجیب الرحمن انصاری؛ روحانی زن‌ستیز و افراطی هرات(форсӣ). ایندیپندنت فارسی (19 апрели 2020). 3 сентябри 2022 санҷида шуд.
  3. هشت صبح. مجیب‌الرحمان انصاری کیست و چه می‌خواهد؟(форсӣ). روزنامه ۸صبح (27 Декабри 2019). 3 сентябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 сентябри 2022.
  4. نشست خبری مولوی هراتی بدون خبرنگاران زن برگزار شد(форсӣ), BBC News فارسی. Проверено 3 сентябри 2022.
  5. ویدیو/ اظهارت عجیب مجیب الرحمان انصاری درباره نوروز!(форсӣ). خبرگزاری آریانا نیوز (23 марти 2022). 3 сентябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 сентябри 2022.
  6. هشت صبح. مجیب‌الرحمان انصاری کیست و چه می‌خواهد؟(форсӣ). روزنامه ۸صبح (27 Декабри 2019). 3 сентябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 сентябри 2022.
  7. روزنامه افغانستان. صدای پای داعش؛ خطیب شهر خواجه هرات فتوای قصاص و محکمه صحرایی می‌دهد - روزنامه افغانستان(форсӣ). www.dailyafghanistan.com. 3 сентябри 2022 санҷида шуд.
  8. شهرآرانیوز. درباره مولوی مجیب الرحمان انصاری خطیب جنجالی هرات(форсӣ). fa (۱۴۰۱/۰۶/۱۱ - ۱۷:۱۷). 3 сентябри 2022 санҷида шуд.
  9. علی کریمی. مجیب الرحمن انصاری» که بود؟(форсӣ). af.shafaqna.com. Afghanistan - Shia News Agency. 3 сентябри 2022 санҷида шуд.
  10. Муҷибурраҳмон Ансорӣ, рӯҳонии ҷанҷолӣ, дар Афғонистон кушта шуд(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 3 сентябри 2022 санҷида шуд.
  11. Аҳтам Рамазониён. Муборизаи рӯҳониёни суннатӣ бо кибертерроризм. mit.tj. Маркази исломшиносӣ (22 июни 2022). 3 сентябри 2022 санҷида шуд.
  12. هشت صبح. انفجار در هرات؛ مولوی مجیب‌الرحمان انصاری کشته شد(форсӣ). روزنامه ۸صبح (2 сентябри 2022). 3 сентябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 сентябри 2022.
  13. Mujib Rahman Ansari: Taliban cleric killed in Herat mosque blast(англ.), BBC News (2 September 2022). Проверено 2 сентябри 2022.