Jump to content

Мӯрӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мӯрӣ, дудкаш, дудбаро — равзан, танӯра ё сурохии махсус барои берун рафтани дуд.

Мӯрӣ дар хонаҳои анъанавии ноҳияҳои шимолӣ Тоҷикистон сохта мешуд ва дуди оташдон ба воситаи он мебаромад. Мӯрӣ аз боми хона 40—90 см баланд бардошта мешуд. Чунин мӯриҳо дар Осиёи Миёна аз қадим маълум буда, ҳангоми ҳафриёти димнаи Гарданаи Ҳисор (ноҳияи Айнӣ), инчунин аз мақбараҳои Муҳаммади Башоро (ноҳияи Панҷакент) ва Шайх Муслиҳуддин (шаҳри Хуҷанд) ёфт шуданд. Номи мӯрӣ шояд аз номи хонаи махсус, ки мӯр ном дошту дар он аҳли оила ё гурӯҳи одамон гулхан афрӯхта, дар атрофаш менишастанд, баромада бошад. Ин гуна мӯрҳо то миёнаҳои асри 20 дар Яғноб вуҷуд доштанд.

  • Мӯрӣ / А. С. Давыдов // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).
  • Материалная култура таджиков верховев Зеравшана, Д., 1973.