Нерӯгоҳи барқи обии Норак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз НБО Норак)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев

Неругоҳи барқи обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев НБО Норак - дар дарёи Вахш сохта шудааст. Сохтмони неругоҳ соли 1961 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар Неругоҳи барқи обии Норак 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт - ро ташкил медиҳад.

Таърих[вироиш]

Сохтмони НБО-и Норак соли 1961 оғоз ёфт, агрегати якуми он 15 ноябри соли 1972, бо иқтидори 300 МВт ва неругоҳ бо иқтидори пурраш - 2700 МВт - соли 1979 ба истифода дода шуд. Соли 1988 ҳамаи нўҳ агрегати нерўгоҳ таҷдид гардида, иқтидори ҳар кадом ба 335 МВт ва иқтидори умумии нерўгоҳ ба 3000 МВт расонида шуд. Бо ин иқтидори бузург НБО-и Норак афсонае буд, ки дар кишвари мо ба ҳақиқат табдил ёфт, номи Тоҷикистонро дар арсаи олам машҳур намуд. Аз дигар тараф маҳз НБО-и Норак исбот сохт, ки захираҳои гидроэнергетикии кишвари мо, ки дар як сол 527 миллиард кВт.сатро ташкил медиҳад ва он аз ибтидои солҳои сиюми асри гузашта таҳқиқ мешаванд, воқеӣ буда, барои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии тамоми минтақа нафъовару манфиатбахшанд.

Дар заминаи неруи барқе, ки дар ин неругоҳ ва дигар неругоҳҳои дар дарёи Вахш сохташуда истеҳсол мегардад, аз солҳои 70-ум асри гузашта сар карда, комплекси истеҳсолии Ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла Заводи нуриҳои азотии Вахш, Заводи электрохимиявии Ёвон, Заводи алюминии тоҷик ва ғайраҳо созмон ёфт.

Обанбори Норак[вироиш]

Обанбори Норак дар дарёи Вахш барои таъмини НБО Норак бо об сохта шудааст. Обанбори Норак чунин параметрҳо(сатҳу ҳаҷм)-ро дорост:

- дарозии обанбор дар сурати сатҳи максималӣ – 70 км;

- чуқурии миёна - 107 м

- фаррохӣ - 5км

- ҳаҷми умумии лоиҳавӣ – 10,5 км3

- ҳаҷми фоиданоки лоиҳавӣ – 4,5 км3;

- баландии призмаи истифодашаванда – 53 м;

- сатҳи максималии об – 910 м;

- сатҳи минималии об - 857м;

То 1 январи соли 2010 НБО Норак 353,6 млрд. кВт.соат нерeи барқ истеҳсол кардааст.

Нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]