Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Набӣ Акрамов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Набӣ Акрамов Муҳамммадҷонович
Таърихи таваллуд 17 июли 1957(1957-07-17) (69 сол)
Зодгоҳ Истаравшан
Навъи фаъолият афсари низомӣ
Рутба полковник ва Таҳмабон
Ҷангҳо
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Набӣ Акрамов Муҳамммадҷонович ( 17 июли 1957, шаҳри Истаравшан) — полковник, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1982).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии фармондеҳии умумиҳарбии ба номи И. С. Коневи шаҳри Алмаато (1980) ва Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзе (1986).

Солҳои фаъолият

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1980 – 1982 дар ҳайати қӯшунҳои маҳдуди шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кард. Дар як амалиёт ротае, ки Акрамов фармондеҳӣ менамуд, тӯдаи калони мухолифинро торумор кард. Барои ин корнамоӣ бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардид. Солҳои 1986 – 1990 дар гурӯҳи Артиши Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Германия хидмат намудааст. Аз соли 1991 афсари калони Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия. Бо орденҳои Ленин, "Ситораи Сурх", «Хуршеди Инқилоб»-и РДА (Афғонистон), медалҳо, Грамотаи махсуси Президиуми Совети Олии СССР сарфароз гардидааст.