Наврӯзшо Қурбонҳусейнов
Наврӯзшо Қурбонҳусейнов | |
Таърихи таваллуд | 2 январ 1911 |
Зодгоҳ | Хоруғ ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 20 сентябр 1993 (82 сол) |
Маҳалли даргузашт | Хоруғ |
Кишвар | Тоҷикистон |
Соз | рубоб, танбӯр, сетор, ғижжак, най |
Ҷоизаҳо | Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1960), ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо |
Наврӯзшо Қурбонҳусейнов (11 [24] январ 1911, Хоруғ — 31 май 1992, Хоруғ) — овозхон, навозанда ва оҳангсози тоҷик. Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1960).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти сарояндагии Қурбонҳусейнов ҳанӯз соли 1924 дар маҳфили ҳавасмандони санъати ш. Хоруғ оғоз ёфта, бо таъсис ёфтани Театри драмаи мусиқии ш. Хоруғ (1936) аввал мутрибу сароянда ва аз соли 1946 роҳбари қисми мусиқии Театри драмаи мусиқии ш. Хоруғ буд. Аз соли 1971 то охири умр нафақагир.[1]
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Қурбонҳусейнов ҳунарпешаи сермаҳсуле буд, ки дар фаъолияти санъатвариаш зиёда аз 200 суруду навоҳои мукаммали мусиқӣ эҷод карда, аз тарафи муаллиф ва ё пайравонаш суруда шудаанд. Сурудҳои халқиву классикиро низ бо маҳорати баланд иҷро мекард, ки сурудҳои «Таронаи дил», «Хандида биё», «Дилписанд», «Тоҷикистон», «Овози ман», «Духтари тоҷик» ва ғ. аз ҷумлаи онҳоянд. Оҳанги кинофилми «Бачагони Помир», мусиқии намоишҳои «Тошбек ва Гулқурбон» (1947), «Қишлоқи тилоӣ» (1957), «Духтар аз сарҳад» (1959)-и М. Миршакар ва ороиши мусиқии зиёда аз даҳ спектакл ва чандин барномаҳои консертиву сюитаҳои рақсӣ ҳосили фаъолияти эҷодии Қ. мебошад. Зиёда аз 30 асари мусиқии Қурбонҳусейнов ба нота навишта шудаанд. Қурбонҳусейнов чун мутриби чиррадаст созҳои мусиқии рубоб, танбӯр, сетор, ғижжак, най ва ҷуфтсозро моҳирона менавохт.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 204—205. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)
- Зодагони 2 январ
- Зодагони соли 1911
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Хоруғ
- Даргузаштагони 20 сентябр
- Даргузаштагони соли 1993
- Даргузаштагони шаҳри Хоруғ
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Зодагони 24 январ
- Даргузаштагони 31 май
- Даргузаштагони соли 1992
- Даргузаштагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
- Овозхонҳои тоҷик
- Мутрибони тоҷик
- Мутрибони асри XX
- Ҳофизони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон