Наврӯз Саидов
Наврӯз Саидов | |
|---|---|
| тоҷикӣ: Наврӯз Саидов | |
| Зодгоҳ | ноҳияи Фархор |
| Шаҳрвандӣ |
|
| Касб | наворбардор; аксбардор; синамогар |
| Солҳои фаъолият | 2008 — то имрӯз |
Наврӯз Саидов (зод. 9 марти 1986, ноҳияи Фархор, ҶШС Тоҷикистон) — наворбардор, аксбардор ва синамогари тоҷик. Узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон.[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Наврӯз Саидов 9 марти соли 1986 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро хатм намудааст, аммо аз рӯи ихтисос фаъолият накардааст. Шавқу рағбати ӯ ба аксбардорӣ ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ оғоз ёфта, нахустин таҷрибаҳои худро дар боғи марказии шаҳри Душанбе анҷом додааст.[2]
Фаъолияти касбӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Саидов фаъолияти касбии худро соли 2008 дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ҳамчун ёвари наворбардор оғоз кардааст. Дар муддати кӯтоҳ таҷрибаи заруриро андӯхта, ба вазифаи наворбардори дараҷаи олӣ расидааст. Ӯ дар таҳияи барномаҳои гуногуни телевизионӣ, аз ҷумла «Шакл», «Нози хаёл», «Сиришт», «Рисолаи таърихӣ», «Фарзонагон», «Суфраи сухан» ва «Дидаи бедор» саҳм гузоштааст.
Наврӯз Саидов инчунин ҳамчун наворбардори филмҳои мустанад ва ҳунарӣ фаъол буда, дар чандин лоиҳаҳои синамоии дохилӣ ва байналмилалӣ иштирок намудааст.
Филмшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Филмҳои ҳунарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]| Сол | Номи филм | Мақом | Коргоҳи филм |
|---|---|---|---|
| 2010 | «Хокпайванд» | Наворбардор – таҳиягар | |
| 2011 | «Рамида» | Наворбардор – таҳиягар | |
| 2012 | «Фасли рӯъё» | Наворбардор – таҳиягар | |
| 2013 | «Доғ» | Наворбардор – таҳиягар | |
| 2014 | «Паймон» | Наворбардор – таҳиягар | |
| 2015 | «Коса» | Наворбардор – таҳиягар | |
| 2016 | «12 соли интизорӣ» | Наворбардор – таҳиягар | |
| 2017 | «Муфаттиш» | Наворбардор – таҳиягар | |
| 2019 | «Саргузашти Алишер» | Наворбардор – таҳиягар | |
| 2019-2020 | «Наставник» | Наворбардор – таҳиягар | |
| 2021 | «Моҳи барои рафиқ Черчил» | Наворбардор – таҳиягар |
Филмҳои мустанад (ҳуҷҷатӣ)
[вироиш | вироиши манбаъ]| Номи филм | Мақом | Эзоҳ |
|---|---|---|
| «Комил Ёрматов» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Саразм» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Лоҳутӣ» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Алиф. До. Ре. Ми» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Нидо аз ниё» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Яғноб 2014» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Қисмат» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Духтари Сайҳун» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Муъҷизаи Наврӯз» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Наҷҷор» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Эҳдос» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Суғдиён» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Раштон» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Ковиён» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Поезд» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Телевизор» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Хайём» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Ворух» | Наворбардор – таҳиягар |
Филмҳои кӯтоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]| Номи филм | Мақом | Коргоҳи филм |
|---|---|---|
| «Экран» | Наворбардор – таҳиягар | Муассисаи «Суғдсинамо» |
| «Охирин соли нав» | Наворбардор – таҳиягар | Муассисаи «Суғдсинамо» |
| «Проектор» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Себе аз биҳишт» | Наворбардор – таҳиягар | |
| «Меҳмони охирин» | Наворбардор – таҳиягар |
Аксбардорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Наврӯз Саидов ҳамчун аксбардори касбӣ низ шинохта шудааст. Аксҳои ӯ бештар фалсафаи зиндагӣ, манзараҳои табиат ва рӯзгори мардуми шаҳру деҳотро инъикос мекунанд. Аз 24 май то 7 июни соли 2017 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши инфиродии аксҳои ӯ таҳти унвони «Сайёраи сабз» баргузор гардид, ки яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои акс дар кишвар ба шумор меравад.[2][3]
Дар эҷодиёти ӯ аксҳои рамзӣ ва фалсафӣ мавқеи хос доранд, аз ҷумла:
- «Зебогии дастнорас» — рамзи нотамомии орзуҳои инсон;
- «Ваҳдат» — тасвири сулҳ ва пирӯзии ҳамдигарфаҳмӣ бар адоват;
- «Ду гаҳвора» — инъикоси тазоди умед ва навмедӣ дар зиндагии инсон.
Ба гуфтаи худи Саидов, ҳадафи асосии ӯ дар аксбардорӣ нишон додани зебоии зиндагӣ ва воқеият аст.[4][5]
Ҷоизаҳо ва дастовардҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Барандаи мукофоти байналмилалии «ТЭФИ-Иттиҳод» (2011, 2014);
- Ҷоизаи фестивали «100 сония» (Эрон, 2011);
- Ҷоизаи Фестивали Осиёи Марказии синамои мустақил (Ӯзбекистон, 2012);
- Ҷоизаи кинофестивали «Видео Арт» (Қирғизистон, 2013);
- Ҷоизаи «Беҳтарин наворбардор» барои филми «Духтари Сайҳун» дар аввалин Фестивали телевизионии филмҳои мустанади «СИМО» (Душанбе, 2017).[6]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ДОСТОНИ СУРАТГИР. Ба Рӯзи байналмилалии аккосон бахшида мешавад — АМИТ "Ховар" (ru-RU). 7 феврали 2026 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 Достони суратгир. Ба Рӯзи байналмилалии аккосон бахшида мешавад(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (12 июли 2018).
- ↑ “Сайёраи сабз”-и Наврӯз Саидов дар Осорхонаи миллӣ » Озодагон. Озодагон. 7 феврали 2026 санҷида шуд.
- ↑ Асарҳои Наврӯз Саидов — зебоӣ ҳадафи дурбини ман аст(тоҷ.). Радиои Озодӣ.
- ↑ Нахустин намоиши аксҳои Наврӯз Саидов дар Душанбе (ВИДЕО) » Озодагон. Озодагон. 7 феврали 2026 санҷида шуд.
- ↑ «Сарбозони бесилоҳ» соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин филм» гардид(тоҷ.). tvt.tj.
