Назди (пешоянд)
(Тағйири масир аз Назд)
Jump to navigation
Jump to search
Назди ( назд + бандаки изофӣ ) — пешоянди номӣ буда, муродифи пешоянди пеши аст ва дорои тобиши маънои наздик будан ба ашёе мебошад.. Вай бо пешояндҳои аслии дар, ба, аз кор фармуда. мешавад.
Мисолҳо[вироиш]
- Вай ҷаҳида хесту назди машина омада истод ( Пӯлод Толис);
- Дар назди бобо дастурхони пур аз нозу неъмат кушоданд (Раҳим Ҷалил);
* Аз назди хатти роҳи оҳан то доманаи кўҳҳо баҳри васеи алаф бо тамоми зебоии худ паҳн гашта буд (Пӯлод Толис), Наздики||аз наздики барои ифодаи муносибатҳои масоҳа ва замон истеъмол мешавад.
Мисолхо[вироиш]
- Ҳавлии Юсуфамак дар наздикии дарё воқеъ шудааст (Пўлод Толис);
- Наздики офтобшинам ба Душанбе расиданд (Сотим Улуғзода);
- Аммо ду касе, ки моро пешвоз гирифта ба хона дароварда буданд, дар наздикии мо нишастанд (Садриддин Айнӣ).
Нигаред низ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - с.295