Назди (пешоянд)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Назди ( назд + бандаки изофӣ ) — пешоянди номӣ буда, муродифи пешоянди пеши аст ва дорои тобиши маънои наздик будан ба ашёе мебошад.. Вай бо пешояндҳои аслии дар, ба, аз кор фармуда. мешавад.

Мисолҳо[вироиш]

  • Вай ҷаҳида хесту назди машина омада истод ( Пӯлод Толис);
  • Дар назди бобо дастурхони пур аз нозу неъмат кушоданд (Раҳим Ҷалил);

*Аз назди хатти роҳи оҳан то доманаи кўҳҳо баҳри васеи алаф бо тамоми зебоии худ паҳн гашта буд (Пӯлод Толис), Наздики||аз наздики барои ифодаи муносибатҳои масоҳа ва замон истеъмол мешавад.

Мисолхо[вироиш]

  • Ҳавлии Юсуфамак дар наздикии дарё воқеъ шудааст (Пўлод Толис);
  • Наздики офтобшинам ба Душанбе расиданд (Сотим Улуғзода);
  • Аммо ду касе, ки моро пешвоз гирифта ба хона дароварда буданд, дар наздикии мо нишастанд (Садриддин Айнӣ).

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - с.295