Назирҷон Турсунов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Назирҷон Турсунов
Назирҷон Очилович Турсунов
Санаи таваллуд:

1942

Фазои илмӣ:

олим

Назирҷон Очилович Турсунов (12.08.1942, ш.Ленинобод), муаррих-мардумшинос, доктори илми таърих (1980), профессор (1981). Факултаи таъриху филологияи ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1964). Ассистенти кафедраи таърихи ДДОЛ (1964-66), аспиранти Пажухишгохи таърихи АУ ЧШС Точикистон (1966-69), сармуаллим, дотсент (1969-73), корманди калони илмии кафедраи таърихи ДДОЛ, докторанти Пажухишгохи этнографияи АУ ИЧШС (1973-75), дотсент (1975-80), профессори кафедраи таърихи ИЧШС (1981-87), декани шуъбаи тайёркунии ДДОЛ, профессор, мудири кафедраи таърихи Точикистон ва услуби таълими таърих (1987-91), профессор, мудири кафедраи таърих ва этнографияи халки точики ДДХ (1991-97), муассис ва директори осорхонаи давлатии этнографии «Хонаи Эргашбой» дар ш.Хучанд (1997-98), корманди калони илми, профессор-мушовири маркази илмии хуросоншиноси дар ш.Машхад (Эрон) (1998-99), профессори Департаменти фанхои гуманитарии БХДТТ (1999), профессори кафедраи таърихи халки точики ДДХ ба номи академик Б.Гафуров (аз с.2001). Т. дар инкишофи илми этнографияи точик сахми калон гузоштааст. Бо иштироки бевоситаи Т. осорхонаи этнографи ва галереяи расмхои дустдорони таърихи халки точик кушода шуданд. Ташаббускори конфронсхои якум ва дуюми илмии олимони мактабхои оли ва АУ Точикистон «Солонаи Б.Гафуров» (1989, 1991) мебошад. Муаллифи зиёда аз 10 монография, китобхои дарси ва зиёда аз 400 маколаи илми, илми-оммави, илми-методи доир ба масъалахои таърих ва этнографияи халки точик, масъалахои таърихи халки точик ва халкхои Осиёи Маркази. Иштироккунандаи конфронсхои байналмилали (Машхад, 1998; Шероз, 1998; Бандар Аббос, 1999; Исфароин, 1999) ва хамоишхо аст. Дар Дехли, Калкутта, Бомбей, Мадрас (Хиндустон), Коломбо (Шри-Ланка), Линколн, Ню-Йорк (ИМА) аз руи масъалахои таърих ва маданияти точикон баромадхои илми кардааст. Бо Ифтихорномаи Вазорати мактабхои олии ИЧШС (1990) ва унвони Шахрванди фахрии иёлати Небраска (ИМА,1990) сарфароз гардонида шудааст. Осор: Из истории городского ремесла Сев. Таджикистана. -Д.,1974; Шахри офтоби. -Д., 1989; Развитие городских и сельских поселений Сев.Таджикистана в ЧVIII-начале ЧЧв. -Д., 1991; Истаравшан. -Д.,1992; Асосхои этнологияи точик. -Хучанд,1993; Таърихи точикон. -Хучанд, 2001. [1]


Сарчашма[вироиш]

  1. http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html