Назокат Олимзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Назокат Олимзода
Назокат Олимзода
Таърихи таваллуд: 10 ноябр 1953(1953-11-10) (70 сол)
Зодгоҳ: Душанбе
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир
Жанр: шеър
Забони осор: забони тоҷикӣ

Назокат Олимзода (18 июли 1955, ноҳияи Шаҳритӯс) — шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2007).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Назокат Олимзода 18 июли соли 1955 дар ноҳияи Шаҳритӯс ба ҷаҳон омадааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм карда, соли 1979 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо ба итмом расондааст. Солҳои 1992—1994 директори мактаби таҳсилоти хамагонӣ, солҳои 1994—2002 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Қубодиён, ҳамзамон, роҳбари Созмони ҷамъиятии «Бунёдкор» будааст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз 15-солагӣ ба шеърнависӣ оғоз намуда, аввалин шеърҳояш дар рӯзномаҳои ноҳиявии «Октябр» ва «Шараф», баъдан дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва маҷмӯаҳои дастҷамъии «Навсафар», «Шукуфаҳои Хатлон», «Аз Хутталон омадия», «Хоҷа Оби Гарм», «Бахтофарин», «Пайки Наврӯз», «Лабханди баҳор», «Гулбонги Истиқлол», «Сифоти Хоҷа Оби Гарм бишнав», «Наврӯзи Роғун», «Наврӯзи ҷаҳонафрӯз», «Гулбаргҳои меҳр» ва ғ. чоп шудаанд. Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Хумори дил» соли 2004 интишор ёфта, минбаъда навиштаҳояш дар авроқи «Ҳарири муҳаббат» (2005), «Оҳанги ёдҳо» (2010) ва «Парчами меҳр» (2011) ба табъ расидаанд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.184 ISBN 978-99947-2-379-9