Намояндагии консулӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Намояндагии консулӣ - мақомоти робитаи берунаи давлат мебошад, ки дар натиҷаи барқарор кардани муносибатҳои консулӣ байии ду давлат ташкил мешавад. Ҷойи мавқеъгирифта ва шумораи ҳайати намояндагии консулӣ байни давлатҳои равонакунанда ва мавқеъгирифта мувофиқ кунонида мешаванд. Намояндагии консулӣ метавонад дар намуди консулхонаи генералӣ, консулхона, ноиб-консулхона ва агентии консулӣ созмон дода шавад. Намояндагии консулӣ бо роҳбарии умумии ВКХ ва сафоратхонаи давлатӣ равонакунанда кор ва фаъолият мебарад. Вазъи намояндагии консулӣ бо шартномаҳои дутарафа ва бисёртарафа муайян мешавад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - C. 326