Намояндагӣ (ҳуқуқ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Намояндагӣ - аҳде, ки шахс (намоянда) аз номи шахси дигар (вакилкунанда) дар асоси ваколати бо ваколатнома, нишондоди қонун ё санади мақоми ваколатдори давлатӣ ё мақоми ҳокимияти маҳаллӣ асосёфта баста шудааст, ҳуқуқу уҳдадории граждании вакилкунандаро бевосита ба вуҷуд меорад, тағйир медиҳад ё қатъ мегардонад. Ваколат инчунин метавонад вобаста ба вазъе зоҳир гардад, ки намоянда дар он амал мекунад (м.207 КГ ҶТ). Бо ёрии намоянда на танҳо ҳуқуқи молумулкӣ, баъзан ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ низ амалӣ гардонда мешаванд. Амалиётҳое вуҷуд доранд, ки барои иҷрои онҳо хидмати намоянда иҷозат дода намешавад, чунин амалиётҳо бевосита ба шахсияти субъект вобастаанд (тартиб додани васиятнома, додани ваколатнома, шартномаи то охири умр нигоҳубин кардан, бастани никоҳ ва ғ). Дар муносибати намояндагӣ вакилкунанда, вакил ва шахси сеюм, ки ба воситаи вакил байни ӯ ва вакилкунанда алоқаи ҳуқуқӣ пайдо мешавад, иштирок мекунанд.

Ҳамчун вакилкунанда Шахсони юридикӣ (ҳуқуқӣ), шаҳрванд метавонад баромад кунанд, аммо доираи вакилшавандагон маҳдуд мебошад. 1) Вакилшаванда бояд қобилияти амалкунии пурра дошта бошад; 2)Шахси юридикӣ метавонад ба худ вазифаи намояндагиро қабул кунад, ба шарте ки зидди қобилияти амалкуниаш набошад; 3) намояндагии баъзе шахсонро қонун манъ кардааст (шахсоне, ки аз коллегияи адвокатҳо хориҷ шудаанд, муфаттиш, судя, прокурор дар мурофиаи судӣ намоянда шуда наметавонанд, ғайр аз ҳолатҳое, ки онҳо ҳамчун намояндаи мақомоти суд, прокуратура ё ба сифати намояндаи қонунӣ иштирок мекунанд). Амалиёти намоянда барои вакилкунанда ба шарте ҳуқуқ ва уҳдадорӣ пайдо мекунад ё тағйир медиҳад ё қатъ мегардонад, ки агар ӯ амалиёти намояндагиро дар ҳадди ваколати ба ӯ додашуда иҷро карда бошад. Характер ва ҳаҷми ваколати намояндагӣ, инчунин шарти татбиқи он аз факти юридикии дар асоси намояндагӣ буда вобаста мебошад. Вобаста аз ин, намояндагӣ дар асоси санади маъмурӣ, қонун ё шартнома иҷро карда мешавад. Намояндагии дар асоси санади мақоми ваколатдори давлатӣ ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ асосёфта чунин намояндагие мебошад, ки намоянда уҳдадор мешавад, ки дар асоси санади мақоми маъмурӣ дар муносибатҳои ҳуқуқӣ аз номи чунин мақомот баромад кунад. Дар ин намуди намояндагӣ ваколати намоянда дар асоси санади маъмурӣ ё дастуруламали функсионалии коргар ё дар амал зоҳир мегардад, яъне ваколат дар чунин ҳолатҳо аз вазъе зоҳир мегардад, ки намоянда дар он амал мекунад (фурӯшанда дар савдои чакана).

Намояндагӣ мувофиқи нншондоди қонун низ пайдо мешавад. Чунончи, намояндаи қонунии фарзанди ноболиғ падару модар мебошад. Ҷиҳати хоси ин намояндагӣ дар он аст, ки новобаста аз иродаи намоянда пайдо мешавад ва баъд ваколаташ бевосита дар қонун муқаррар карда шудааст. Хусусияти намояндагии шартномавӣ дар озода будан ва танҳо аз иродаи тарафҳо вобаста буданаш зоҳир мешавад. Байни вакилкунанда ва вакил шартнома баста мешавад, ки муносибати дохилии онҳоро муайян мекунад. Агар тарафи чунин шартнома шахсе бошад, ки доимо ва мустақилона аз номи соҳибкорон дар соҳаи соҳибкорӣ амал мекунад, намояндаи тиҷоратӣ мебошад. 1) Намояндагӣ муносибати ҳуқуқиест, ки мутобиқи он як шахс (намоянда) дар асоси ваколатҳои дар ваколатнома, қонун, санади мақомоти давлатӣ ё худидоракунии маҳаллӣ пешбинишуда аз ном ба манфиати шахси дигар (ваколатдоркунанда) амали ҳуқуқиеро анҷом медиҳад (аҳдҳоро мебандад, иддао пешниҳод менамояд ва ғайра), ки боиси пайдоиш, тағйирёбӣ ва қатъшавии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ваколатдоркунанда мегарданд. Шахсони воқеии ба ҳайси намоянда баромадкунанда бояд дорои қобиламалии пурра бошанд. Шахсони юридикӣ (ҳуқуқӣ) ба ҳайси намоянда баромад карда метавонанд, ба шарте ки он мухолифи ҳадафҳои оинномавиашон набошад. 2) Воҳиди махсуси шахси ҳуқуқии берун аз маҳалли ҷойгиршавии он қарор дошта, ки манфиати шахси ҳуқуқиро ҳифз ва намояндагӣ намуда, аз номи он аҳдҳо ва дигар амалҳои ҳуқуқиро анҷом медиҳад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - C. 327