Наримон Мадалиев
![]() |
Наримон Мадалиев | |
---|---|
Наримон Мадалиев | |
Таърихи таваллуд: | 22 декабр 1931 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт: | 4 декабр 2005 (73 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | геология |
Ҷойҳои кор: | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо: | нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» |
Наримон Мадалиев (тав. 22.12.1931, ноҳияи Кофарниҳон – ваф. 4.12.2005, ш. Душанбе), заминшинос, доктори илмҳои геология (1992), профессор (1995).
Зиндагинома[вироиш]
Соли 1953 факултети табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1953–1994 ҳамчун муаллими калон ва дотсенти кафедраи географияи табиии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Ҳамзамон солҳои 1965–1985 вазифаи мудири кафедраи географияи табиӣ ва заминшиносиро ба ӯҳда доштааст. Аз соли 1995 ҳамчун профессори кафедраи номбурда дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев фаъолият менамуд. Муаллифи се монография ва зиёда аз 44 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Дар корҳои илмии худ масъалаҳои истихроҷ ва истифодабарии иқтисодии сарватҳои минералиро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Тӯли фаъолияти бисёрсолааш дар донишгоҳи омӯзгорӣ дар тарбияи ҳазорҳо нафар мутахассисон саҳми назаррас гузоштааст.
Ҷоизаҳо[вироиш]
Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадр карда шудааст.
Пайвандҳо[вироиш]
- Pages which use a template in place of a magic word
- Мақолаҳои ятим
- Зодагони 22 декабр
- Зодагони соли 1931
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ваҳдат
- Даргузаштагони 4 декабр
- Даргузаштагони соли 2005
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони илм
- Олимон аз рӯи алифбо
- Геологони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон