Naruto

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Наруто (манга))
Наруто
Логотипи Наруто
Логотипи Наруто
ナルト (ҷоп.)
Naruto
Наруто
Жанр / мавзӯъсанъати муҳорибавӣ*, саргузаштҳо*, фэнтези
Манга
Муаллиф Масаси Кисимото
Ношир Shueisha
Ба забони русӣ (*тоҷикӣ) Парчами Русия Комикс-Арт
Нашр мешавад дар Weekly Shonen Jump
Хонандагон сёнэн
Ҷилдҳо 72
Бобҳо 700
Аниме-сериал «Наруто»
Режиссёр Хаято Датэ
Студия Studio Pierrot
Иҷозатномадиҳанда Aniplex
Шабакаи телевизионӣ TV Tokyo
Давомнокӣ 23 дақиқа
Қисмҳо 220
Аниме-сериал «Наруто Сиппудэн»
Режиссёр Хаято Датэ
Студия Studio Pierrot
Иҷозатномадиҳанда Aniplex
Шабакаи телевизионӣ TV Tokyo
Давомнокӣ 23 дақиқа
Қисмҳо 500

«Наруто» (ҷоп. NARUTO - ナルト -) — манга дар жанри сёнэн дар бораи зиндагии пурғавғо ва ноороми писараки нинҷакори Наруто Удзумаки, ки орзу дорад эътирофи умумиҷаҳониро ба даст орад ва Ҳокагэ — сарвари деҳаи худ ва пурқувваттарин нинҷа шавад. Мангаро Масаси Кисимото кашидааст.

Манга аз 21 сентябри соли 1999 то 10 ноябри соли 2014 аз тарафи нашрияи Shueisha дар маҷаллаи Weekly Shonen Jump бароварда мешуд. Ба 72 танкобон (ҷилдҳои ҷопонӣ) тақсим аст.

  • Аввалин аниме-сериал, «Наруто», дар Ҷопон тариқи шабакаи телевизионии TV Tokyo аз 3 октябри соли 2002 то 8 феврали соли 2007 нишон дода мешуд ва 220 қисм дошт.
  • Дуввумин аниме-сериал, «Наруто: Хроникаҳои тӯфон» (ҷоп. NARUTO -ナルト- 疾風伝 Наруто Сиппу:дэн), аз 15 феврали 2007 то 23 марти 2017 пахш мешуд ва бо қисми 500 ба анҷом расид.

Аз оғози пахш зиёда аз 700 қисм пахш шудааст.  Мутобиқсозии аниме аз манга инҳоянд: ду аниме-сериал, ёздаҳ филми тасвирӣ ва ҳашт OVA. Манга ва аниме инчунин барои сохтани бозиҳои видеоӣ, романҳо, ранобэ ва бозии корти умумӣ истифода шудаанд.

Манга ва аниме исбот карданд, ки ҳам дар Ҷопон ва ҳам дар хориҷа маъмуланд. Дар вақти баровардани ҷилди 72-юм, ки фурӯши он 1 миллиону 204 000 нусхаро ташкил медод, маълум шуд, ки фурӯши умумии ҷилдҳо аз 205 миллион нусха гузаштааст.[3]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Программа передач телеканала 2х2 с 23 по 29 августа — 2х2 — Телепрограмма(пайванди дастнорас — таърих). Теленовости. 27 октябри 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 Январ 2012.
  2. Наруто: Ураганные хроники(рус.)(пайванди дастнорас — таърих). 2x2. 17 марти 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 марти 2012.
  3. Naruto is 5th Shueisha Manga with 100 Million+ Copies in Print (Update 2)(англ.). Anime News Network. 19 июли 2021 санҷида шуд.