Насим Олимзода
Намуди зоҳирӣ
Насим Олимзода | |
|---|---|
| Насим Хоҷа Олимзода | |
|
| |
| 12 январ 2017 — 5 май 2020 | |
| Пешгузашта | Нусратулло Салимзода |
| Ҷонишин | Ҷамолиддин Абдуллозода |
|
|
|
| Таваллуд |
20 август 1964 (61 сол) |
Насим Хоҷа Олимзода (20 августи 1964, ҶШС Тоҷикистон) — пизишк ва давлатмарди тоҷик, доктори илмҳои тиб, профессор. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017—2020)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Насим Хоҷа Олимзода 20 августи соли 1964 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1988 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури табобатӣ-кардиолог хатм намудааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]- Соли 1988 дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ҳамчун табиб-интерн фаъолияташро оғоз намуда, баъдан дар ин беморхона ҳамчун духтури табобатӣ кор кардааст.
- Солҳои 1995—1998 дар аспирантураи Академияи баъдидипломии тиббии шаҳри Санкт-Петербург таҳсил намудааст.
- Солҳои 1999 то 2014 ба ҳайси Табиби дилшиноси Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, мудири бахши «НАҶОТ»-и Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, директори Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дили Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи кардиология бо курси фармакологияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
- Солҳои 2014—2017 муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
- Солҳои 2017—2020 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.[1]