Насриддинхоҷа Ворас

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Насриддинхоҷа Ворас
Навъи фаъолият: шоир

Насриддинхоҷа Ворас — шоири тоҷик (асри 19).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Шибирғони Афғонистон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Баъд аз касби камол чун донишманд ва шоири тавоно машҳур гашт. Ба тасаввуф майл намуд ва ба зинаи пир расида буд. Аз осораш намунаҳо дар тазкираҳо сабт гардидаанд. Яке аз пайравони Мирзо Абдулқодири Бедил буд. Ин ғазал аз ӯст:

Ба ранги сурма бар лаб муҳри хомӯшӣ муҳайё кун,
Чу нури дида дар шерозаи чашми бутон ҷо кун.
Баҳори ҷилваи бемуддаоӣ рангҳо дорад,
Даро дар гулшани таҷриду рангинӣ тамошо кун.
Агар гул чид чашми дил зи хористони тақлидат,
Ба ашки нурбахшӣ сурмаи таҳқиқ бино кун.
Дар ин олам зи асбоби маишат ғам махӯр, Ворас,
Дуои ҷони соҳибдавлати соҳибмудоро кун.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • افغانستان آریانا. دائرةالمعارف. کابل، 1955

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]