Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Насруллоҳ Зарринпанҷа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Насруллоҳ Зарринпанҷа
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 1906
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 16 декабр 1981(1981-12-16)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз

Насруллоҳ Зарринпанҷа (форсӣ: نصرالله زرین‌پنجه‎; 1906, Теҳрон16 декабр 1981, Теҳрон) — навозандаи тор ва оҳангсози саршиноси эронӣ.

Ҳунари мусиқиро нахуст дар мактаби мусиқии назди Дорулфунуни Теҳрон, дар назди ҳунармандони замонаш Рабеъхон, Ҳусайни Ҳангофарин, Муртазо Найдовуд, Яҳё Зарпанҷа, Алиакбар Шаҳнозӣ ва Мусо Маъруфӣ омӯхтааст. Баъдан таҳсили худро дар мактаби мусиқии «Вазирӣ» идома дода, ҳамзамон ба омӯхтани асосҳои назариву амалии созҳои мусиқӣ ба таври ҷиддӣ машғул шуд. Зарринпанҷа навозандаи оркестри Анҷумани мусиқии миллӣ, ҳунаромӯзи тор дар Ҳунаристони мусиқии миллӣ, сарпарасти Оркестри созҳои миллӣ дар радиои Теҳрон ва якканавози барномаҳои «Созу сухан» буд.

Оҳанги таронаҳои «Биё, эй соқӣ», «Афсуни сухан», «Шарти вафо» (бо садои Ғуломҳусайни Банон) асарҳои офаридаи Зарринпанҷа буда, ҳамчунин ӯ дар таълифи китобҳои «Омӯзиши тор ва сетор» ва «Маҷмӯаи бадоҳасароӣ» ширкат доштааст.