Насруллоҳ (Амир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Насруллоҳ (Амир)
Насруллоҳ (Амир)
Таваллуд 1806
Даргузашт 1860
Падар

Ҳайдар

Фарзандон

Музаффар

Насруллоҳ (Амир) — амири Аморати Бухоро (1827-1860).

27 апрели соли 1827 Насруллоҳ (Ботурхон) ба тахти Аморати Бухоро нишаста, иҷрои ҳама корҳои ҳукуматиро ба қӯшбегӣ Ҳакимбий супурд. Пас аз ҷулус амир Насруллоҳ дар давоми 6-7 сол бародарон, ҳамаи хешу табор ва тарафдорони онҳоро ба қатл расонд. Дар солҳои аввали салтанаташ амир Насруллоҳ то 100 нафарро қатл намуда, дар байни халқ бо лақаби «амир қассоб» («Ботурқассоб») ном баровард. Аҳолӣ аз тарс Бухороро тарк намуда ба Шаҳрисабз ё Урганҷ кӯч мебастанд.

Дар сиёсати берунӣ амир Насруллоҳ кӯшиш мекард, ки бо давлатҳои ҳамсоя, аз қабили Эрон, Туркия ва Русия алоқаҳои ҳасана барқарор намояд. Бо ин мақсад ӯ Қобилбекбийи қарлуқро ба назди шоҳи Эрон Муҳаммадшоҳи Қоҷор ба расми сафир фиристод. Пас аз 10 рӯз Болтақулбеки Чағатойбеки қирқро ба назди султон Абдулмаҷид, халифаи Туркия фиристод.

Насруллоҳ инчунин барои муттаҳидсозии мулкҳои ҷудогона мубориза мебурд. Яке аз чунин мулкҳо Шаҳрисабз буд ва Насруллоҳ соле ду маротиба кӯшиши бенатиҷаи забти Шаҳрисабз мекард. Ниҳоят дар с.1856 дар ҳуҷуми 28-ум ба ӯ муяссар шуд, ки Шаҳрисабзро фатҳ намояд. Барои мустаҳкам намудани нуфузаш ӯ духтари ҳокими Шаҳрисабз – Кенагасхонимро ба занӣ гирифт. Амир Насруллоҳ барои мустаҳкам намудани мавқеи худ инчунин бо хонигарии Хӯқанд мубориза мебурд. Сабаби оғози ҷанг забти шаҳрҳои Ҷиззах, Хуҷанд. Ӯротеппа, Нов ва ғайраҳо аз ҷониби Хӯқанд шуд. Пас аз якчанд юришҳои нобарори Насруллоҳ байни Бухоро ва Хӯқанд сулҳи 10-сола баста шуд. Чанд сол ҷангҳо бо бартарии яке аз тарафҳо гузашта, танҳо с.1842 хонигарии Хӯқанд пурра забт ва ҳокими он - Муҳаммадалихон қатл карда шуд. Кӯшишҳои амир Насруллоҳ дар бобати ба ҳайати Аморати Бухоро баргардонидани мулкҳои соҳили чапи Амударё (Балх), ки ба тасарруфи амирони афғон даромада буданд, натиҷае набахшид. Пас аз он ба Ҳисору Кӯлоб ҳуҷум намуда онҳоро гирифт. С.1837 амир Насруллоҳ ислоҳоти ҳарбӣ гузаронда, ба ташкил кардани қисми калони ҳарбии муназзам саъй намуд. Асоси он аз асирони рус, форсҳо ва дигарон фароҳам омада буд. Амир аз ин қисми ҳарбӣ, ки қувваи асосии зарбазанандаи қӯшуни Бухоро маҳсуб мешуд, дар вақти ҷанг васеъ истифода мекард. Насруллоҳ аз ҳар кас ва аз ҳар чиз хавф мебурд ва худаш ҳам зӯран ба ҳалокат расонда шуд. Мувофиқи баъзе ривоятҳо Кенагасхоним ҳангоми хоби амир ба гӯшаш симоб рехтааст. Амир аз дарди ҷонкоҳ бедор шуда пеш аз марг фармудааст, ки он зан ва ҳамаи бачаҳои вайро кушта ба чоҳ партоянд [1].

Адабиёт[вироиш]

  • Искандаров Б. Аморати Бухоро, ЭСТ, ҷ. 1. - Душанбе, 1978;
  • Аҳмад Махдуми Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития. - Сталинобод, 1960;
  • Исмоилова Б. История Бухарского эмирата. - Х., 2005;
  • Ғафуров Б., Тоҷикон, ҷ. 2. - Душанбе, 1985;
  • Ҳотамов Н. Таърихи халқи тоҷик. - Душанбе, 2007

Эзоҳ[вироиш]

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 126