Насрулло Убайдуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Насрулло Каримович Убайдуллоев
Санаи таваллуд:

10 август 1963(1963-08-10) (56 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

таърих

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои таърих

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Насрулло Каримович Убайдуллоев (тав. 10.08.1963, деҳаи Порвени ноҳияи Панҷакент), муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих (2015), дотсент (2010).

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1980–1985 дар шӯъбаи таъриху ҳуқуқи факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1985–1990 муаллими таъриху ҷамъиятшиносии мактаби миёнаи № 83 ноҳияи Рӯдакӣ, 1990– 1998 ассистент ва муаллими калони кафедраи таърихи ИҶШС, кафедраи таърихи халқи тоҷик ва муовини декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Солҳои 1990– 1994 дар шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил дошт. Солҳои 1998–2007 ҳамчун муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик, муовини аввали сардори шӯъбаи таълим, муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба таълим, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2008 декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Муаллифи 2 асар ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ, илмию оммавӣ мебошад. Оид ба масъалаҳои инкишофи мактабу маориф, фарҳанг, афкори сиёсию ҷамъиятии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX, таърихнигории таърихи халқи тоҷик, ба вижа таърихи мактабу маориф корҳои илмӣ бурдааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001) сарфароз карда шудааст.

Осор[вироиш]

  • Колониальная политика царской России в области народного образования в Средней Азии (вторая половина XIX – начало XX вв.), Д., 1994;
  • Мактаб ва маорифи болооби Зарафшон дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX., Д., 1999;
  • Хонако, корыхона и далоилхона как один из видов просветительского учреждения, Д., 2002;
  • История народного образования Таджикистана второй половины XIX – начала XX вв., Д., 2005;
  • Общее состояние народного образования в Бухарском эмирате конца XIX- начале XX вв., Д., 2005;
  • Мафҳуми «деҳқон» дар асарҳои Б.Ғ. Ғафуров, Д., 2009;
  • Пенджикентская русско-туземная школа, Д.,2009.

Пайвандҳои беруна[вироиш]