Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Насрулло Ҳасанзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Насрулло Ҳасанзода
Ҳасанзода Насрулло
Таърихи таваллуд: 13 декабр 1990(1990-12-13) (34 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ёвон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (2013)
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои техникӣ
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII

Насрулло Ҳасанзода (Насрулло Ҳасанзода; зод. 13 декабри соли 1990 дар ноҳияи Ёвон ҶШС Тоҷикистон). — олим, омӯзгор, арбоби давлатии тоҷик, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2013 ДТТ ба номи академик М.С. Осимиро хатм намудааст.

  • 01.09.2013 -31.08.2015 — Ассистенти кафедраи нерӯгоҳҳои электрикии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, шаҳри Душанбе;
  • 01.09.2015-31.08.2019 — Аспиранти кафедраи электротаъминкунии Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Новосибирск;
  • 01.09.2019-17.12.2020 — Ассистенти кафедраи нерӯгоҳҳои электрикии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ; шаҳри Душанбе;
  • 17.12.2020-27.12.2022 — Муаллими калони кафедраи нерӯгоҳҳои электрикии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, шаҳри Душанбе;
  • 08.01.2021-01.09.2023 — Муовини декани факултети энергетикӣ оид ба таълими ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, шаҳри Душанбе;
  • 27.12.2022-29.02.2024 — И.в. дотсенти кафедраи нерӯгоҳҳои электрикии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, шаҳри Душанбе;
  • 29.02.2024-19.03.2025 — Дотсенти кафедраи нерӯгоҳҳои электрикии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, шаҳри Душанбе;
  • 19.03.2025-то ҳол — Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия.[1].

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Насрулло Ҳасанзода доранда дараҷаи имии номзади илмҳои техникӣ аст. Дар давоми фаъолияти меҳнатиаш 60 адад корҳои илмӣ ва таълимию методиро аз ҷумла 14 адад дар маҷалаҳои аз тарафи Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия эътироф гардида, 9 адад дар маҷалаҳои байналмилалӣ бо забони англисӣ, 21 адад дар маводҳои конференсияи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ва 7 адад маводи методию таълимӣ ва ду монографияи илмиро нашр намудааст, ки онҳо ба пешравии системаи энергетикӣ алоқаманд мебошанд. Инчунин сазовори 6 шаҳодатномаи муаллифӣ ва як нахустпатент барои ихтироот мебошад.[2].