Наталья Николаевна Бессонова
Наталья Николаевна Бессонова | |
Таърихи таваллуд | 4 май 1953 (71 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон (1996), ордени "Дӯстӣ" (2008) |
Наталья Николаевна Бессонова (тав. 4.05.1953, Душанбе) — забоншинос, номзади илмҳои педагогӣ (1987), дотсент (1993).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1974 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1974–1981 ассистент, 1981–1982 муаллими калон, 1982–1984 мудири кафедраи забони русии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1984–1987 аспиранти Академияи педагогии ИҶШС дар шаҳри Москва, 1987–1988 муаллими калон, 1988–1991 дотсент, мудири кафедраи забони русии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 1992–1993 ҳамчун муовини декани факултети филологияи рус оид ба тарбия, 1993 мудири кафедраи забони русӣ, 1993–1994 дотсенти кафедраи забони русӣ, 1994–1996 декани факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст. Аз соли 1996 дотсенти кафедраи забони русӣ ва забоншиносии умумӣ, муовини декани факултети филология ва ҳоло муовини ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи зиёда аз 25 корҳои илмӣ ва илмию методӣ оид ба таълими забони русӣ аст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Задания для практических занятий по русскому языку, Д., 1988;
- Развитие речи на материале синтаксиса текста, Д., 1991;
- Теория и практика творческих работ, Д., 1991;
- Задания по самостоятельной работе студентов по практическому курсу русского языка, Д., 1992;
- Практикум по школьным учебникам, Д., 1992;
- Гендерные явления в письменной речи учащихся, Д., 2001;
- Дидактические материалы обучения русскому языку как неродному, Д., 2004.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии маорифи Тоҷикистон (1996),
- ордени "Дӯстӣ" (2008)
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
- Кафедра теоретического и прикладного языкознания Состав кафедры(тоҷ.). www.rtsu.tj. 5 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 феврали 2020.
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 4 май
- Зодагони соли 1953
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Занҳо-олимаҳо