Наҷафбек Вазиров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Наҷафбек Вазиров
Сурат
Таърихи таваллуд

17 феврал 1854(1854-02-17)

Зодгоҳ
Таърихи даргузашт

9 июл 1926(1926-07-09)[1] (72 сол)

Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша

рӯзноманигор, нависанда

Commons-logo.svg Наҷафбек Вазиров дар Викианбор

Наҷафбек Фатҳалибекӯғлӣ Вазиров (17.02.1854, Шуша – 9.07.1926, Боку) — драматург, публитсист; яке аз фаъолон ва бунёдгузорони театри Ҷумҳурии Озарбойҷон.

Зиндагинома[вироиш]

Наҷафбек Фатҳалибекӯғлӣ Вазиров хатмкардаи Академияи кишоварзии Маскав (1878). Ҳамроҳи устодаш Зардобӣ (1873) бори аввал мазҳакаи «Ҳоҷӣ Қаро» (асари М. Ф. Охундов)-ро ба саҳна гузошт. Мақолаҳои нахустинашро дар г. «Экинчи» (1875–77) чоп кард. Вазиров дар драмаҳои худ зиндагии деҳқонон, амлокдорон ва маъмурони буржуазии охири асри 19 ва ибтидои асри 20-ро воқеънигорона тасвир намудааст. Дар мазҳакаи «Гӯшт аз туву устухон аз ман» (1873) ва «Тасвире аз тарбияи хонагӣ» (1875) мактаби куҳна ва усулҳои тарбияи онзамонро сахт танқид кардааст. Драмаҳои реалистии Вазиров бо равиши мазҳакавии хеш шуҳрат доранд. Вазиров ба масоили мубрами замони худ рӯй овард, аммо муътақид буд, ки одобу русумро танҳо бо тарвиҷу ташвиқи донишу маърифат метавон тағйир дод. Ба эҷодиёти ӯ драматургияи А. Н. Островский таъсири бузург гузоштааст.

Осор[вироиш]

Вазиров А.Н. Избранные произведения. Баку, 1958.

Адабиёт[вироиш]

  • Ф. Касымзаде. Наджафбек Везиров. Баку, 1958; Большая советская энциклопедия. Т. 4. М., 1981.

Сарчашма[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Везиров Наджаф-бек Фатали-бек оглы // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.