Наҷмиддин Шоҳинбод
Наҷмиддин Шоҳинбод | |
Таърихи таваллуд: | 21 ноябр 1952 (71 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Шуғнон |
Навъи фаъолият: | шоир, рӯзноманигор |
Наҷмиддин Шоҳинбод — рӯзноманигор, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Наҷмиддин Шоҳинбод 21 ноябри соли 1952 дар деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳа таҳсилашро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома дода, баъди хатми он дар рӯзномаи «Бадахшони Советӣ» кор кардааст. Солҳои 1980-1983 ва 1984-1987 тарҷумони Созмони ҷавонони Ҷумҳурии Демократии Афғонистон будааст. Соли 1989 рӯзномаи «Фарҳанги Бадахшон»-ро таъсис дода, ҳамзамон сармуҳарририи нашриёти «Помир» (Хоруғ)-ро бар уҳда доштааст. Солҳои 1997-2003 мухбири рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Суғд, солҳои 2000-2009 муовини сармуҳаррири ҳафтавори «Суғд» будааст. Аз соли 2009 сардабири ҳафтавораҳои «Алюмини Тоҷикистон» ва «Башардӯсти Тоҷикистон» мебошад. Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар жанрҳои гуногуни журналистика ва адабиёт, асосан ҳаҷву мутояба хомафарсоӣ мекунад. Офаридаҳояш аз соли 1973 дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявию умумииттифоқӣ, аз ҷумлаи «Пионери Тоҷикистон», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Хорпуштак», «Адабиёт ва санъат», «Крокодил» ва маҷмӯаҳои «Шохи гург»-у «Ҳайкали гург» чоп шудаанд. Асарҳои публитсистии ӯ дар китобҳои «Болҳои заррини Абдувалӣ» (1998), «Зиндадил», (1990), «Зафармандони дашти зафар» (1998) ва ғ. ба табъ расидаанд. Дар заминаи асарҳои алоҳидаи ӯ театрҳои Хоруғ, Рӯшон ва ТВТ саҳнаҳои ҳаҷвӣ таҳия кардаанд. Баъзе навиштаҳояш ба забонҳои русӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ, литвонӣ, булғорӣ,инглисӣ ва ғ. тарҷума шудаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1989);
- Ҷойи аввал дар Фестивали умумиттифоқии монологи эстрадӣ (1987);
- Ордени «Дустӣ»;
- Медали «Шуҷоат»;
- Медали «Ҷасорат»-и Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ва СССР.[1]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.301 - 302 ISBN 978-99947-2-379-9
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 21 ноябр
- Зодагони соли 1952
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Адибони Тоҷикистон
- Шоирони тоҷик
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Зодагони ноҳияи Шуғнон