Наҷрон
Город | |
ар. نجران | |
![]() | |
17°29′33″ с. ш. 44°07′40″ в. д.HGЯO | |
Кишвар |
![]() |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таъсис | 2000 то м. |
Баландии марказ | 1 293 ± 1 м |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | |
Шиносаҳои ададӣ | |
Нишонаи почта | (61441) |
najran.gov.sa | |
|
|
![]() |
Наҷрон (ар. نجران қаблан Абусуъуд) — шаҳр дар Арабистони Саъудӣ, дар минтақаи Наҷрон ва қисми ҷанубу ғарбии кишвар, дар марз бо Яман. Наҷрон дар доманакӯҳи Усайр ва баланди 1293 м аз с.б. ҷойгир аст, ки пештар ин манотиқро Ухдуд мегуфтанд. Аҳолӣ — 505 ҳазор нафар (2023). Роҳҳои автомобилгард Наҷронро ба шаҳрҳои дигари мамлакат ва кишвари Яман пайваст мекунад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Наҷрон аз шаҳрҳои бисёр қадимии шибҳиқораи Арабистон ва дар гузашта аз воҳаҳои машҳури Яман будааст. Ваҷҳи тасмияи шаҳр ба исми сардори қабилае аз қабоили аъроби яманӣ — Наҷрон ибни Зайдон муртабит аст. Дар тӯли таърих тобеи ҳуқуматҳои зиёд, аз ҷумла Сосониёну Рум буд. Шаҳр ба сабаби қадимӣ будан ва ҳамчунин рӯйкарди воқеаҳои бузург, аҳаммияти таърихӣ ва сайёҳӣ дорад. Ҳодисаи кушта ва сӯзонда шудани асҳоби Ухдуд аз ҷониби подшоҳи яҳудии ин сарзамин, ки зикраш дар Қуръон рафтааст, дар Наҷрон рух додааст. Ҳоло ин минтақа аз маконҳои гардишгарӣ ба ҳисоб рафта, аксари осори боқимонда аз ҳодисаи Ухдуд дар осорхонаи шаҳр нигоҳ дошта мешаванд. То замони зуҳури ислом аксари мардуми Наҷрон масеҳӣ буданд. Наҷрон охирин минтақае буд, ки соли 1934, баъд аз таъсиси Арабистони Саъудӣ (1932) ба он пайваст. Барои соҳибияти шаҳр миёни Арбистони Саъудӣ ва Яман ихтилофҳои тӯлонӣ вуҷуд дошт. Дар шаҳр осори бостонии давраҳои гуногун боқӣ мондаанд, ки аз минтақаи Ухдуд, нақш ва сангнавиштаҳои мухталиф, қалъаҳо, кохҳои шоҳони пешини Яман, рустои Зиъайн ва ғайра иборатанд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Наҷрон як донишгоҳ, коллеҷи технологӣ, 560 мактаби давлатӣ ва 10 мактаби шахсӣ фаъолият доранд. Мардуми маҳаллӣ асосан ба зироат ва парвариши чорво машғуланд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- المقحفی، ابراهیم، احمد،، منشورات دارالحکمة، صنعاء، چاپ وانتشار سال ۱۹۸۵ میلادی به (عربی).