Нерӯгоҳи барқи обии Норак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Нерӯгоҳи барқии обии Норак)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Нерӯгоҳи барқи обии Норак
Nurek Dam Vakhsh River.jpg
Сарбанди НБО Норак
Кишвар

 Тоҷикистон

Дарё

Вахш

Силсиланерӯгоҳ

Вахш

Молик

ҶСП «НБО Норак»

Вазъ

амалкунанда

Соли оғози сохтмон

1961

Соли бакордарории агрегатҳо

1972-1979

Мушаххасоти асосӣ
Коркарди солонаи энергияи барқ, млн кВт⋅с

11,2 млрд.кВт.с[1]

Навъи нерӯгоҳи барқӣ

саддӣ

Фишори ҳисобӣ, м

223[2]

Тавоноии барқӣ, МВт

3 000

Тавсифоти таҷҳизот
Навъи турбина

радиально-осевые

Шумора ва маркаи турбинаҳо

9 х РО 310-В-475 [2]

Хароҷот ба воситаи трубинаҳо, м³/с

9 х 150 [3]

Шумора ва маркаи генераторҳо

9 х

Тавоноии генераторҳо, МВт

9 x 305 [2]

Иншооти асосӣ
Навъи сарбанд

каменно-набросная

Баландии сарбанд, м

300

Шлюз

надорад

Дар харита
НБО Норак (Тоҷикистон)
Red pog.png
НБО Норак
Commons-logo.svg Гурӯҳ дар Викианбор
Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев
Бинои Нерӯгоҳи барқии обии Норак ва обанбор

Неругоҳи барқи обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев НБО Норак - дар дарёи Вахш сохта шудааст. Сохтмони нерӯгоҳ соли 1961 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар Нерӯгоҳи барқи обии Норак 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт - ро ташкил медиҳад.

Таърих[вироиш]

Сохтмони НБО-и Норак соли 1961 оғоз ёфт, агрегати якуми он 15 ноябри соли 1972, бо иқтидори 300 МВт ва нерӯгоҳ бо иқтидори пурраш (2700 МВт) - соли 1979 ба истифода супорида шуд. Соли 1988 ҳамаи нўҳ агрегати нерӯгоҳ таҷдид гардида, иқтидори ҳар кадом ба 335 МВт ва иқтидори умумии нерўгоҳ ба 3000 МВт расонида шуд. Бо ин иқтидори бузург НБО-и Норак афсонае буд, ки дар кишвари мо ба ҳақиқат табдил ёфт, номи Тоҷикистонро дар арсаи олам машҳур намуд. Аз дигар тараф маҳз НБО-и Норак исбот сохт, ки захираҳои гидроэнергетикии кишвари мо, ки дар як сол 527 миллиард кВт.сатро ташкил медиҳад ва он аз ибтидои солҳои сиюми асри гузашта таҳқиқ мешаванд, воқеӣ буда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии тамоми минтақа нафъовару манфиатбахшанд.

Дар заминаи нерӯи барқе, ки дар ин нерӯгоҳ ва дигар нерӯгоҳҳои дар дарёи Вахш сохташуда истеҳсол мегардад, аз солҳои 70-ум асри гузашта сар карда, комплекси истеҳсолии Ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла Заводи нуриҳои азотии Вахш, Заводи электрохимиявии Ёвон, Заводи алюминии тоҷик ва ғайраҳо созмон ёфт.

Обанбори Норак[вироиш]

Обанбори Норак дар дарёи Вахш барои таъмини НБО Норак бо об сохта шудааст. Обанбори Норак чунин параметрҳо (сатҳу ҳаҷм)-ро дорост:

- дарозии обанбор дар сурати сатҳи максималӣ – 70 км;

- чуқурии миёна - 107 м

- фаррохӣ - 5км

- ҳаҷми умумии лоиҳавӣ – 10,5 км3

- ҳаҷми фоиданоки лоиҳавӣ – 4,5 км3;

- баландии призмаи истифодашаванда – 53 м;

- сатҳи максималии об – 910 м;

- сатҳи минималии об - 857м;

То 1 январи соли 2010 НБО Норак 353,6 млрд. кВт.соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст.

Нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Высочайшая в мире. Нурекская ГЭС
  2. 2.0 2.1 2.2 Референц-лист - Гидротурбостроение
  3. Форма 17. Станционный узел (для гидроэлектростанций). Факс из «Барки Точик» ОАХК, 07.12.2009

Пайвандҳои беруна[вироиш]