НБО «Қайроққум»
НБО «Қайроққум» | |
|---|---|
| Логотипи НБО Қайроққум | |
| Кишвар |
|
| Дарё | Сирдарё |
| Молик | ШСХК "Барқи тоҷик" |
| Соли оғози сохтмон | 1956 |
| Соли бакордарории агрегатҳо | 1957 |
| Мушаххасоти асосӣ | |
| Навъи нерӯгоҳи барқӣ | барқии обӣ |
| Тавоноии барқӣ, МВт | 126 ҳазор кВт |
| Тавсифоти таҷҳизот | |
| Навъи турбина | ПЛ – 495 – ВБ – 500 |
| Шумора ва маркаи турбинаҳо | 6 |
| Тавоноии генераторҳо, МВт | 21 ҳазор кВт |
| Дар харита | |

Неругоҳи барқи обии Қайроқум (собиқ НБО «Дӯстии халқҳо») — (дар Сирдарё) солҳои 1956—1957 сохта шудааст ва дорои 6 гидроагрегат аст, ки иқтидори ҳар кадомаш 21 ҳазор кВт мебошад. Иқтидори умумии НБО Қайроққум — 126 ҳазор кВт аст.
Агрегатҳои НБО Қайроққум аз рӯи ин тартиб ба кор оғоз кардаанд: Соли 1956 — ду агрегат Соли 1957 — чор агрегат Турбинаҳои обии намуди ПЛ — 495 — ВБ — 500 дар заводи турбинаҳои обии Сызран истеҳсол гардидаанд. Иқидори турбинаҳо — 23, 6 мВт, шиддати муҳосибавиашон — 15 м, масрафи ҳисобшудаи об — 180 м 3 / сония, доираи чархи кориашон — 4,995 м буда дар як дақиқа 125 бор давр мезананд. Генераторҳои обии намуди ВГС — 700/100 — 48 истеҳсоли заводи «Уралэлектротяжмаш» — и ба номи В. И. Ленин, шаҳри Уралск ҳастанд. Иқтидори генератор 21 мВт аст. Шиддати генератор 10,5 кВ буда, дар як дақиқа 125 маротиба давр мезанад. Трансформатори қудратӣ: ду гурӯҳи хар кадомашон аз се якфазагии секалобадори иқтидорашон 30 МВА ва шиддаташон 220/110/10 кВт иборат аст(Тавлиди заводи трансфарматорбарории шаҳри Маскав).
Ҳаҷми обанбори НБО — Қайроққум (ҳоло Обанбори Баҳри тоҷик.):
- дарозиаш қариб 65 км;
- васеъгиаш аз 50 то 20 км (таъғирёбанда);
- масоҳати сатҳи оби обанбор — 513 км;
- ҳаҷми умумӣ — 3413,5 м3;
- ҳаҷми фоиданоки он- 2743 м3;
- сатҳи аз ҳама зиёди оби он — 374, 5 м.
НБО Қайроққум бо шабакаҳои Обанбори Баҳри тоҷик: бо се ХИБ — и 220 кВт ва панҷ ХИБ — и 110 кВт пайваст аст.
Дар тули 69 соли фаъолият, гидроагрегат ва дигар таҷҳизоти асосии неругоҳ куҳна шуда, иқтидори истеҳсолии он то 12 МВт коҳиш ёфта буд.
Лоиҳаи "Таҷдиди НБО «Қайроққум»"
[вироиш | вироиши манбаъ]23 августи соли 2019 ба татбиқи лоиҳаи "Таҷдиди НБО «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида шуд. Баъди татбиқи лоиҳа тавоноии НБО "Қайроққум аз 126 мегаватт ба 176 мегаватт расонида мешавад.[1]
Шуруъ аз соли 2019 корҳои навсозӣ дар иншоот оғоз гардида, дар муддати беш аз 5 сол гидроагрегатҳои № 4, 5 ва 6-и неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори ҳар яки онҳо аз 19 ба 29 мегаватт баланд бардошта шуд.
Дар доираи лоиҳаи навсозии Неругоҳи барқи обии Қайроққум бо ҷалби шарикони рушд ва мутахассисони дохилию хориҷӣ то имрӯз як қисми таҷҳизоти толори мошинҳо, дастгоҳи идоракунии турбинаҳо, трансформаторҳои системаи ангезишӣ, дастгоҳи идоракунии зери фишор, системаи идоракунии гидроагрегат, 6 трансформатори иқтидорашон 40 МВА ва дигар дастгоҳҳои асосӣ бо дастрас намудани онҳо аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо иваз карда шуд. Ба ҷойи дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кВ дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб гардид.[2]
Аз соли 2019 корҳои навсозӣ дар иншоот шуруъ гардида, дар муддати қариб 7 сол 6 гидроагрегати неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори ҳар яки онҳо ба 29 МВт расонда шуд.
20 ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Певшои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар доираи лоиҳа 6 гидроагрегат ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори истеҳсол дар он 60 мегаватт зиёд карда шуд. Дар доираи қисми яки лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи Қайроққум бо ҷалби шарикони рушд ва мутахассисони дохилию хориҷӣ то имрӯз таҷҳизоти толори мошинҳо, дастгоҳи идоракунии турбинаҳо, трансформаторҳои системаи ангезишӣ, дастгоҳи идоракунии зери фишор, системаи идоракунии гидроагрегат, 7 трансформатори иқтидорашон гуногун ва дигар дастгоҳҳои асосӣ бо дастрасии онҳо аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо иваз карда шуда, ба ҷойи дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кВ дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб гардид. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи навсозӣ, сарбанди неругоҳ мустаҳкам карда шуда, 5 крани борбардор низ навсозӣ шуд.
Қабл аз оғози корҳои навсозӣ истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар неругоҳ 650 млн. кВт. соатро ташкил медод. Пас аз навсозии 6 гидроагрегати неругоҳ ва пайваст намудани он ба шабакаи барқи, иқтидории истеҳсол ба 900 млн.кВт. соат расонида шуд.[3]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]- “Корхонаи металлургии тоҷик” дар шаҳри Гулистон
- Корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лулаи ҶДММ “Абдуллоев Саидбой”
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳа бе назардошти НБО «Роғун» 1520 МВт зиёд шуд(тоҷ.). www.khovar.tj. 22 Декабри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2019.
- ↑ www.president.tj. Ба кор даровардани 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққум дар шаҳри Гулистон(тоҷ.) (7 сентябри 2024). 7 сентябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Ба кор даровардани 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққум дар шаҳри Гулистон(тоҷ.). prezident.tj (2025). 21 ноябри 2025 санҷида шуд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи «Барки Тоҷик»/Сохтори «Барки Тоҷик»(пайванди дастнорас)