Нехен
| Маҳалли аҳолинишин | |
Нехен | |
|---|---|
| | |
| Кишвар |
|
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+02:00 |
|
|
|
Нехен (мисрӣ. Nḫn), Иераконпол, Ҳиераконполис (‘Ιεράϰων πόλις); Кумулаҳмар (мисрӣ: الكوم الأحمر, «Теппаи Сурх»[1]) — маҷмааи ёдгориҳои Мисри Бостон, харобаҳои шаҳри қадим, ки дар соҳили ғарбии рӯди Нил, 80 км ҷанубтар аз шаҳри ал-Уқсур (Луксор) ҷойгир аст.
Бостоншиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Омӯзиши ёдгорӣ пас аз лашкаркашии Наполеон ба Миср (1798) оғоз шуда, баъдан аз ҷониби мисршиносони англис (Ҷ. Квибелл, Ф. Грин, Б. Адамс), амрикоӣ (М. Ҳоффман, Р. Фридман) ва дигарон ҳафр гардид. Нехен дар ҳазораи 4 то м. яке аз марказҳои ташаккули тамаддуни пешазсулолавии Мисри Қадим (охири ҳазораи 5-3100 то м.) ва қароргоҳи ҳокими Мисри Боло (унвонаш несу) буд. Нехен тақр. солҳои 3400 то м. ба авҷи тараққиёт расида, эҳтимол 5-10 ҳазор аҳолӣ дошт. Силсилаи қасаба ва гӯристонҳои Нехен дар маҷрои Водӣ Абусуфён ва қад-қади соҳили Нил воқеъ буда, ба пайдоиши табақаҳои иҷтимоӣ ишора доранд. Нехен баъди муттаҳид шудани Мисри Қадим мавқеи стратегиашро тадриҷан аз даст дод ва маркази сиёсии Мисри Боло ба шаҳри қадими Эдфу интиқол ёфт. Дар Нехен қадимтарин дахмаи «пешвои қабила»-и аҳди Нагадаи II бо тасвири рӯидевории ягона ва маъруфи пешазсулолавӣ ёфт шуд, ки деворҳои он нақшу нигор дошта, майит бо усули мумиё кардан дафн шуда буд. Маъбади Худои Хор (Худои Осмону Офтоб) тақр. 3 утоқ ва пешайвонаш (паҳноӣ 13 м) чор сутуни чӯбӣ (дарозӣ 12 м) дошт. Нехен дар аҳди ҳукумати шоҳии Мисри Қадим (3120-332 то м) маркази шаҳри хурд буд: дар ин давра ибодатхонаи шаҳр қомат афрохта, атрофи Нехен бо девори истеҳкомӣ (аз хишти хом) иҳота гардид. Дар натиҷаи ҳафриёт аз Нехен чандин ашёи нодири фиръавнҳо ёфт шуданд: шикастапораҳои шашпари Скорпиони I (тақр. 3200-3100 то м.), шашпар ва «тасвири Нармера дар лавҳаи сангӣ», муҷассамаи фиръавн Хасехемуи (фавт тақр. 2686 то м.), муҷассамаи мисини фиръавн Пепи I (тақр. 2310—2260 то м.) ё эҳтимол писараш — Меренраи I (2260-54 то м.), тасвири тилоии сари шоҳин — Худои Хор, маснуоти устухонӣ, зарфҳои гилин, сангӣ ва тилоӣ. Аз биноҳои муҳташами Нехен танҳо дижи бунёдкардаи Хасехемуи (масоҳаташ 67х57 м) боқӣ мондааст, ки деворҳои он (бараш 5 м, баландӣ то 9 м) аз хишти хом буд. Ҳамчунин дар Нехен чандин дахмаи ашрофи дарбор (Нианҳпепи, Ҳоремҳауеф, Ҳормес, Ҳормени ва дигарон) пайдо шуданд, ки аксар тасвири муқарнас ва навиштаҷот доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Dan Richardson. Egypt. — Rough Guides, 2003. — С. 429. — 888 с. — ISBN 9781843530503.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иераконпол // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.