Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Неъматулло Икромов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Неъматулло Икромов
Неъматулло Ҳикматович Икромов
Таърихи таваллуд 24 сентябри 1963(1963-09-24) (63 сол)
Зодгоҳ деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Ҷоизаҳо

Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1993), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2020)

Неъматулло Икромов (Неъматулло Ҳикматович Икромов; зод. 24 сентябри 1963, деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод) — варзишгар, мураббӣ, довар ва ходими соҳаи варзиш. Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1993). Номзади устоди варзиши ИҶШС (1983).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Неъматулло Икромов 24 сентябри соли 1963 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод дар хонадони коргар ба дунё омадааст. Солҳои 1971—1981 дар МТМУ рақами 11-и деҳа таҳсил кардааст. Соли 1982 ба факултаи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи М. И. Калинин дохил шуда, соли 1986 онро бо касби муаллими тарбияи ҷисмонӣ ва мутахассиси намуди гӯштин хатм кардааст.

Зимни фаъолияти варзишии худ маҳорати худро назди устодон И. Абдуллоев, Аҳтам Раҷабов, Хайрулло Изатов ва Саъдӣ Маъдӣ такмил додааст. Соли 1983 дар шаҳри Перми Федератсияи Русия меъёри номзад ба устоди варзиши ИҶШС-ро дар гӯштин бомуваффақият дифоъ кардааст. Аз соли 1986 ба сифати мураббии гӯштини тарзи ҷудо дар Мактаби варзишии ноҳияи Файзобод ба фаъолият оғоз кардааст. Ҳамзамон бо хоҳиши шуъбаи маорифи ноҳия чанд сол ба ҳайси устоди фанни тарбияи ҷисмонӣ низ кор кардааст.

Дар тарбия ва ба камол расонидани насли навраси варзишгарон, аз ҷумла Кароматулло Икромзода, Оятулло Ҳусейнов ва Эҳсон Қудратов (номзадҳои устоди варзиши ҶТ) саҳми босазо дорад[1]. Имрӯз низ дар аксари мусобиқаҳои варзишии ноҳия ҳамчун довари нозир ва мутахассиси соҳибтаҷриба даъват карда мешавад.

Ҷоизаҳо ва унвонҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Номзади устоди варзиши ИҶШС (1983).
  • Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1993).
  • Аълочии маорифи Тоҷикистон (2020).
  1. ↑ Собир Розиқов. БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ БО ҲАШТ ИМТИЁЗ. nabzifayzobod.tj. Набзи Файзобод (14 ноябри 2016). 4 сентябри 2026 санҷида шуд.