Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Неъматулло Юлдошев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Неъматулло Юлдошев
ӯзбекӣ: Nig‘matilla To‘lqinovich Yo‘ldoshev[1]
парчам
1-умин Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
аз 22 январи соли 2015
Президент Ислом Каримов
Шавкат Мирзиёев (и.м.в.)
Пешгузашта Илгизар Собиров
2 — 8 сентябри соли 2016
Пешгузашта Ислом Каримов
Ҷонишин Шавкат Мирзиёев (и.в.)
парчам
3-умин Вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
 — 26 январи соли 2015
Президент Ислом Каримов
Пешгузашта Равшан Муҳитдинов[2]
Ҷонишин Музраф Икромов[3]

Таваллуд 5 ноябри 1962(1962-11-05) (63 сол)
Ҳизб Ҳизби демократии Ӯзбекистон «Миллий Тикланиш»[5]
Таҳсилот
Касб ҳуқуқшинос, вакил
Эътиқод ислом
Ҷоизаҳо
Order of Friendship Shon-Sharaf Order
Хидмати сарбозӣ
Мансубият  СССР →  Ӯзбекистон
Рутба Мушовири давлатии адлия 3-юм синф
 Парвандаҳо дар Викианбор

Неъматулло Юлдошев (ӯзбекӣ: Nig‘matilla To‘lqinovich Yo‘ldoshev Неъматулло Тулқинович Юлдошев; (зод. 5 ноябри 1962[4], Тошканд[4]) — ходими давлатии Ӯзбекистон, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ӯзбекистон аз 2 сентябри соли 2016[6]. вакил (2015), раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Неъматулло Юлдошев 5 ноябри соли 1962 дар Тошканд таваллуд шудааст. Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошкандро хатм кардааст. Дар вақтҳои гуногун дар вазифаҳои муфаттиши калони прокуратураи Олмалиқ (1987—1991); муфаттиши прокуратураи ноҳияи Юнусободи Тошканд (1991—1993); муфаттиши калони прокуратураи Тошканд (1993—1994); прокурори раёсати Прокуратураи Генералии Ӯзбекистон (1994—1999); сардори шуъбаи сарраёсати тафтишотии Прокуратураи генералӣ (1999—2000); сардори Нозироти таъмини амнияти дохилии прокуратураи генералӣ (2000—2003); нозири пешбари хадамоти Мушовараи давлатии Президент оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назораткунанда (2003—2006); сардори Департаменти мубориза бар зидди ҷиноятҳои вобаста ба андоз, асъор ва қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноӣ бадастомадаи Прокуратураи Генералӣ (2006—2008); муовини прокурори Генералӣ (2008—2011)[7]; Вазири адлияи Ӯзбекистон (2011[8] — 2015[9]).

Моҳи 20 январи соли 2015 бо фармони Ислом Каримов вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъйин шуда[10],

22 январи соли 2015 бо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб гардид[11].

Пас аз марги Ислом Каримов аз 2 сентябри соли 2016 тибқи моддаи 96 Конститутсия иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон буд.[12].

8 сентябри соли 2016 дар ҷаласаи якҷояи ҳарду палатаи парлумони Ӯзбекистон дар бораи истеъфои хеш ба манфиати Шавкат Мирзиёев изҳор дошт. [13]. Юлдошев қарори барканории ваколатҳои конститутсионии иҷрокунандаи вазифаи президентро бо набудани таҷрибаи кофӣ дар идоракунии давлат шарҳ дод. [14].

20 июни соли 2019 бо фармони президент прокурори Генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин шуд.

  1. ↑ Юлдашев Н.Т. Бойгонӣ шудааст 15 май 2021  сол. (узб.)
  2. ↑ Министром юстиции стал Нигматилла Юлдашев
  3. ↑ Министр юстиции Республики Узбекистан. 7 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 марти 2016.
  4. 1 2 3 http://news.uzreport.uz/news_2_r_128567.html
  5. ↑ Члены партии «Миллий Тикланиш» в Сенате. 7 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 Январ 2017.
  6. ↑ Путин назвал смерть Каримова тяжёлой утратой для народа Узбекистана
  7. ↑ Юлдашев Нигматилла Тулкинович. 7 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 июли 2021.
  8. ↑ Председателем Сената Олий Мажлиса избран Нигматилла Юлдашев. 7 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 августи 2016.
  9. ↑ Указ об освобождении от должности. 7 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2016.
  10. ↑ Senat a‘zolari Бойгонӣ шудааст 18 августи 2016  сол. (узб.)
  11. ↑ Состоялось первое заседание Сената Олий Мажлиса. 7 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 сентябри 2016.
  12. ↑ ВРИО президента Узбекистана будет назначен Нигматулла Юлдашев — ИА REGNUM. 7 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 сентябри 2022.
  13. ↑ Узбекистан: Временно исполняющим обязанности президента назначен Шавкат Мирзиёев(пайванди дастнорас — таърих).
  14. ↑ NEWSru.com :: Премьер Узбекистана стал новым руководителем республики(пайванди дастнорас — таърих).