Неъмат Қаробоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Неъмат Қаробоев
Неъмат Қаробоев
Зодрӯз 1916
Зодгоҳ ноҳияи Конибодом, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 1942(1942)
Мансубият  Иттиҳоди Шӯравӣ
Намуди лашкар алоқачӣ
Солҳои хидмат пиёданизом[d]
Рутба
Лейтенанти хурд
Лейтенанти хурд
Қисм саргурд
Набард/ҷангҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
Равобит
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ордени Ленин

Неъмат Қаробоев (1916, ҷамоати Фирӯзобаи ноҳияи Конибодом — 1942, дарёи Дон) — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1940), лейтенанти хурд, аз оилаи деҳқон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Неъмат Қаробоев баъди хатми мактаби 7-солаи Нариманов инспектори шуъбаи андоз буд. Сипас ба ноҳияи Колхозобод муҳоҷир шуда, чанд муддат дар он ҷо дар вазифаи ҳисобчии колхоз кор кард. Соли 1937 ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафт, дар округи ҳарбии Ленинград дар полки савораи қисми ҳарбии 4679 сипас дар Украинаи Ғарбӣ ва Белорусия хидмати ҳарбиро ба ҷо овард. Охирҳои моҳи ноябри соли 1939 дар натиҷаи иғвогариҳои ҷангҷӯёни ҷаҳони Иттифоқи Шӯравӣ бо мақсади таъмин намудани бехатарии сарҳадҳои Шимолӣ, худ маҷбур шуд бо финҳои сафед амалиёти ҳарбӣ сар кунад. Неъмат Қарабоев дар ҳайъати округи ҳарбии Киев, полки тирандози № 300-и дивизияи 7-ум дар шароити душвортарини зимистон чун алоқачӣ ба ҷанги зидди финҳои сафед дохил шуда, дар он мардонагӣ ва корнамоиҳо нишон дод.

Барои ин корнамоиҳои ҷангӣ бо фармони Президиуми Шӯрои Олии СССР аз 21 марти соли 1940 ба Қарабоев унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шуд. Дар байни тоҷикон ва мардуми ҷумхуриҳои Осиёи Марказӣ ӯ аввалин касе буд, ки ба ин унвони баланд шарафманд гардид. Баъди ғалаба бар финҳои сафед дар омӯзишгоҳи ҳарбии шаҳри Сухуми таҳсил кард. Қарабоев аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сифати командири қисм дар ҷабҳа дар наздикии Новороссийск дар яке аз муҳорибаҳои шадид захм бардошта, дар госпитали ҳарбии шаҳри Боржоми табобат гирифт. Баъди табобат боз ба ҷабҳа баргашта, моҳи июли соли 1942 ҳангоми аз дарёи Дон гузаштан ва рахта кардани хати фронти душман қаҳрамонона ҳалок шуд. Дар бораи корнамоиҳои ҷангии Қарабоев даҳҳо хабару мақолаҳо дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо ба чоп расидаанд.

Гиромидошт[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоири шинохтаи тоҷик Алӣ Бобоҷон доир ба зиндагӣ ва корномаи Қарабоев китобе бо номи «Нахустқаҳрамони тоҷик» (1975) интишор намуд. Барои абади гардонидани хотираи неки ин нахустқаҳрамони тоҷик дар зодгоҳаш шаҳри Конибодом ва дар боғи марказии ноҳияи Конибодом ҳайкали ӯ гузошта шудааст. Дар шаҳри Душанбе хиёбони Неъмат Қаробоев, Конибодом ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон чанд кӯча ва мактаб ба номи ӯ гузошта шудааст. Соли 1993 ба яке аз қуллаҳои Помир (баландиаш 4000 м) номи Қарабоев гузошта шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бобоҷон, Алӣ. Нахустқаҳрамонони тоҷик./ Дар бораи Неъмат Қарабоев. — Душанбе: Маориф,1975. — 62 с.
  • Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.